БАРКАНОРИИ РАИСИ НОҲИЯИ ЗАФАРОБОДУ ШАҲРДОРИ БӮСТОН ВА РУСТАМ АЗИЗӢ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26 июни соли 2023 бо имзои 4 фармон, 1 амр ва 7 қарори ҳукумат дар сохторҳои давлатӣ боз як силсила тағйироти кадрӣ ба амал овард.

Аз ҷумла бо фармонҳои президент бо айни тавҷеҳи “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ аз вазифаи раиси ноҳияи Зафаробод ва Муинӣ Мавсума Муинзода аз вазифаи раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, ҳамчунин бо амри президент яке аз олимони ҷавону ояндадори кишвар Азизӣ Рустам Анварзода низ  “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи муовини мудири Маркази исломшиносӣ, як ниҳоди таҳқиқротии вобаста ба президенти Тоҷикистон озод карда шуданд.

Ҳамчунин бо қарорҳои ҳукумат рӯзи 26 июн бо чунин тавҷеҳ, яъне “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” Ғаффорзода Нигорахон аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оила,  Амирбекзода Ҳабибулло аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ озод карда шуданд. Ба кадом вазифаи дигар гузаштани Ҳабибулло Амирбекзода, Раҷаб Ашурзода ва  Рустам Азизӣ эълон нашудааст, вале  Ғаффорзода Нигорахон  бо фармони президент ба ҷои Мавсума Муинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд таъин гардида, Муинӣ, тавре қаблан хабар додем, аз номи ҳизби ҳокими халқии демократӣ дар интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи №13 шаҳри Хуҷанд ҳамчун вакил ба Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон пешбарӣ шудааст.

Исмоилзода Зуфар Муртазохон, ки дар гузашта раиси ноҳияи Деваштич ва се соли охир раиси кумитаи экологии Маҷлиси намояндагон буд,  рӯзи 26 июн бо фармони президент иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд таъин карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26 июн бо имзои қарорҳои ҳукумат  Сафарзода Дилшод Ғаниро муовини вазири маориф ва илм,  Нуруллозода Фирӯзаро муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, Холматиён Рустамро муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Салимзода Зиёдулло Нусратуллоро  муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ таъйин карда, Файзулло Қувваталӣ Бобоҷонро ба мақоми директори қароргоҳи «Искандаркӯл»-и Дастгоҳи иҷроияи президент нишонд.

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Зафарободи
вилояти Суғд озод намудани Ашурзода Р.Р.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
26 июни соли 2023
№593

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Бӯстони
вилояти Суғд озод намудани Муинӣ М.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Муинӣ Мавсума Муинзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
26 июни соли 2023
№594

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри
Бӯстони вилояти Суғд таъин намудани Ғаффорзода Н.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ғаффорзода Нигорахон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
26 июни соли 2023
№595

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи
Зафарободи вилояти Суғд таъин намудани Исмоилзода З.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Исмоилзода Зуфар Муртазохон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
26 июни соли 2023
№596

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 26 июни соли 2023 №268
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Ғаффорзода Н.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ғаффорзода Нигорахон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 26 июни соли 2023 №269
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Амирбекзода Ҳ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Амирбекзода Ҳабибулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 26 июни соли 2023 №270
ш. Душанбе

Дар бораи муовини вазири маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Сафарзода Д.Ғ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Сафарзода Дилшод Ғанӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 26 июни соли 2023 №271
ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон
ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Нуруллозода Ф.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Нуруллозода Фирӯза муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 26 июни соли 2023 №272
ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Холматиён Р.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Холматиён Рустам муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 26 июни соли 2023 №273
ш. Душанбе

Дар бораи муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Салимзода З.Н.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Салимзода Зиёдулло Нусратулло муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 26 июни соли 2023 №274
ш. Душанбе

Дар бораи директори Муассисаи давлатии қароргоҳи
«Искандаркӯл»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон таъин намудани Файзулло Қ.Б.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Файзулло Қувваталӣ Бобоҷон директори Муассисаи давлатии қароргоҳи «Искандаркӯл»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Азизӣ Рустам Анварзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
26 июни соли 2023

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button