БОЗДОШТИ ЯК ШАҲРВАНДИ МОЛДОВА БАРОИ ФУРӮШИ “АЙФОН”-ҲОИ ҚАЛБАКӢ ДАР ДУШАНБЕ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 25 июни соли 2023 хабар дод, ки як шаҳрванди Молдоваро, ки дар пойтахти Тоҷикистон телефонҳои қалбакии “Айфон”-ро аслӣ, яъне оригинал муаррифӣ карда, мефурӯхт, дастгир карда шудааст.

Бино ба иттилои расмӣ, дар асоси муроҷиати шаҳрвандон, аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ, шаҳрванди Ҷумҳурии Молдова Чирару Игор, санаи таваллудаш 02.11.1984 дастгир карда шуд. Зимни санҷиш муайян гардидааст, ки Игор Чирару телефонҳои мобилии қалбакии “Айфон”-ро ҳамчун телефони аслӣ муаррифӣ намуда, ба шаҳрвандон бо нархи гарон ба фурӯш мегузоштааст.

Милитсия гуфт, айни замон бо мақсади муайян намудани дигар ҳолатҳои дар содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ даст доштани номбурда мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Вобаста ба ин милитсия аз шаҳрвандон низ хостааст, ки агар мавриди фиреби Чирару Игор қарор гирифта бошанд, метавонанд ба мақомоти милитсия муроҷиат намоянд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button