НОМҲОИ ҚУРБОНИЁНИ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР НАЗДИ ТАРАБХОНАИ “ЧАМАНОРО” НАШР ШУД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон исми 4 нафари ҳалокшуда дар садамаи нимаи дуюми рӯзи 21 июни соли 2023 дар назди тарабхонаи “Чаманоро”-ро нашр кард. Мутаассифона, дар ин ҳодиса як падар бо кӯдаки сесолааш низ ҷон бохтаанд.

Бино ба иттилои ВКД, нимаи дуюми рӯзи 21-уми июни соли 2023, тахминан соати 17:20, ронандаи мошини тамғаи «БМВ», Ҳабибзода Орзӯ, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Сомонӣ ба самти кӯчаи Карамов, дар рӯ ба рӯи бинои тарабхонаи «Чаманоро» ба муқобили самти ҳаракати роҳ баромада, ба мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи ронанда, Забиров Юсуф Нарзуллоевич, соли таваллудаш 2001, сокини пойтахт бархӯрдааст.
Дар натиҷаи садама, ронандаи «Мерседес- Бенс», Забиров Ю.Н. ва мусофиронаш: Шарипов Нозим Мирзоевич, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Душанбе, Неъматуллоев Маҳмадраҳим Исматуллоевич, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва фарзанди ноболиғаш, Неъматуллоев Маҳмуд Маҳмадраҳимович, соли таваллудаш 2020, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.Ронандаи «БМВ» Ҳабибзода О. ва мусофираш Султонов Суҳроб Рустамович, соли таваллудаш 1981, сокини пойтахт, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Тарабхонаи “Чаманоро” дар паҳлуи ВДНХ ва Боғи ҳайвонот, дар рӯбарӯи биноҳои нави Донишгоҳи миллӣ, маъруф ба “Ҷазира” ҷойгир шудааст.

Бино ба хабари дигари ВКД, субҳи барвақти ҳамон рӯзи 21-уми июни соли 2023, тахминан соати 03:40, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Одинаев Абдураҳмон Саидович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Карамов ба самти кӯчаи Саъдии Шерозӣ, дар зери пули роҳи оҳан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори яке аз хонаҳои истиқоматии кӯчаи Карамов бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронанда Одинаев А.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Танҳо дар моҳи майи соли ҷорӣ, бино ба ҳисобҳо, бар асари садамаҳо дар рорҳои ҷумҳурӣ то 40 нафар ба ҳалокат расида, аз аввали моҳи июн дар бораи дар садамаҳо ҷон бохтани алакай беш аз 20 нафари дигар хабарҳо ба даст расидаанд. Бино ба омори ВКД, соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Мутаассифона, садҳо нафар аз ин қурбониёни садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон кӯдакону наврасонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button