ҲУШДОР: АЗ 24 ТО 27 ИЮН ДАР ҶАНУБИ ТОҶИКИСТОН БОЗ ХОКБОРИШ МЕШАВАД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба пешбинии ҳавошиносон  хабар медиҳад, ки аз 24 то 27-уми июни соли равон дар ноҳияҳои ҷанубу ғарбии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ шамоли пуршиддат дар назар дошта шудааст. Ин манбаъ гуфтааст, ки бод дар ин минтақаҳои ёдшуда дар сония 15-20 метр хоҳад вазид. Ва дар натиҷа эҳтимоли ба вуҷуд омадани хокбориш вуҷуд дорад.

Рӯзҳои 23-24 июни соли 2023 дар як қатор ноҳияҳои ВМКБ омадни селҳо бар асари об шудани пиряхҳо вуҷуд дорад ва дар навоҳии ҷудогонаи тобеъи ҷумҳурӣ низ хатари омадани сел аэ эҳтимол дур нест.

Рӯзҳои 24-25 июн дар навоҳии ҷануб ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, тобеъи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бар асари омили метеорологӣ (чангу хоке, ки ба қаламрави кишвар аз самти ҷанубу ғарб ворид мешавад), ҳаво ғуборолуд мешавад.

Дар ҳамин иртибот КҲФ аз аҳолӣ хоҳиш мекунад хеле эҳтиёткор бошанд. Бахусус ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, рафтан ба кӯҳу пуштаҳо барои ҷамъоварии ҳезум ва гиёҳони дорувор, чорвочаронӣ ва ғайра қоидаҳои бехатариро риоя намоянд

Кӯдаконро танҳову беназорат нагузоранд, бахусус танҳо фиристодани онҳо ба соҳили обҳо ҳамеша хатарнок аст!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button