ҲАЛОКАТИ ЧОР НАФАР ДАР ЯК САДАМАИ ПУРҚУРБОНӢ ДАР ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН (3 АКС)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 21 июни соли 2023 дар як садамаи нақлиётӣ дар пойтахти Тоҷикистон 4 нафар ба ҳалокат расида, ду тани дигар захмӣ шудаанд.

Бино ба иттилои милитсияи пойтахт, санаи 21-уми июни соли ҷорӣ, тақрибан соати 17:20, ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, рақамҳои қайди транзитиаш С0 496 j 07, Ҳабибзода Орзу ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Н.Ганҷавӣ ба самти кӯчаи Сомон, дар назди тарабхонаи “Чаманоро” ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес”, рақамоҳои қайди давлатиаш 31 77 МВ 01 бархӯрдааст.

Дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣЮ ронанда ва 3 мусофири “Мерседес” ба ҳалокат расида,

ронанда ва як мусофири “БМВ”  бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.

Милитсия гуфт, вобаста ба ҳолати мазкур, маводи зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Танҳо дар моҳи майи соли ҷорӣ, бино ба ҳисобҳо, бар асари садамаҳо дар рорҳои ҷумҳурӣ то 40 нафар ба ҳалокат расида, аз аввали моҳи июн дар бораи дар садамаҳо ҷон бохтани алакай беш аз 20 нафари дигар хабарҳо ба даст расидаанд.

Бино ба омори ВКД, соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button