ЗАХМӢ ШУДАНИ СЕ ТОҶИК ВА БОЗДОШТИ БЕШ АЗ 10 КАС ДАР ПАЙИ ЗАНОЗАНИИ ТОҶИКҲО ВА ЧЕЧЕНҲО ДАР НОВАЯ МОСКВА (ВИДЕО)

Дар пайи як занозании байни зодагони Чеченистон ва Тоҷикистон дар Новая Москва беш аз 10 нафар дастгир шудаанд. Ин занозанӣ ҳанӯз рӯзи 16 майи соли 2023 рух додааст, вале дар бораи он танҳо акнун, рӯзи 21 июн, дар пайи худро ба пулис таслим кардани як зодаи Чеченистон, Телеграм-канал База бо нашри як видео хабар дод.

 Шаҳраки Десна, маҳалли занозанӣ, ки дар лаби дарёи ҳамном дар фосилаи тақрибан 34 километр ба самти ҷанубуғарб аз маркази Маскав ва 32 километр шимолтари Маркази Сахарово ҷойгир шудааст, соли 2012 ба қаламрави пойтахти Русия ҳамроҳ карда шуд.

Бино ба иттилои канали “База”,  рӯзи 16 май як гуруҳи зодагони Чеченистон дар шаҳраки Десна мошини худро дар назди нуқтаи мошиншӯӣ манъ кардаанд. Кормандони ин нуқта, ки зодагони Тоҷикистон буданд, аз чеченҳо хостаанд, ки мошини худро дар ягон ҷои дигар бигузоранд ва пеши дӯкони онҳоро банд накунанд.

Дар ҳамин замина байни онҳо баҳс бархоста, ба занозанӣ печидааст. Худи занозанӣ, тавре дар видео дида мешавад, дер давом накардааст ва алакай баъди як дақиқа ҳама пароканда мешаванд. Вале чеченҳо, ки  дар аввал бо тоҷикҳо вориди ҷанги тан ба тан шуда буданд, хеле зуд даст ба корду туфанг бурданд ва дар натиҷа, се ҷавони тоҷикро бо захмҳои корду туфангча дар бемористон бистарӣ карданд.

Пулис зхуди ҳамон рӯз бо изи гарм чанд гумонбаршавандаро дар як дӯкони бензинфурӯшӣ дар Новая Москва дастгир кард. Се гумонбаршавандаи дигар як рӯз баъд ба даст афтоданд ва ахиран яке аз охирин иштирокчиёни занозанӣ худаш ба пулис омадааст.

“База” хабар дод, ки зодаи Чеченистон Даглаев, ки 27 сол дорад, дар ҷараёни он занозанӣ як тоҷикро бо корд захмӣ карда, баъди он ҳодиса ба Чеченистон фирор карда буд. Вале ӯ ахиран худашро ба пулис супурдааст. Ба зидди Даглаев бо иттиҳоми авбошӣ ва қасдан расондани осеби вазнин ба саломатӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ чанд соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар бораи вазъи саломатии тоҷикҳои захмишуда ва шахсияти онҳо дар хабари канали “База” ягон маълумот дода нашудааст.

Мавридҳои афзояндаи занозаниҳо бо иштироки муҳоҷирон мояи нигаронии ҷиддии мақомоти Русия шудааст. Моҳи августи соли 2021 дар пайи як силсила занозаниҳо дар минтақаҳои гуногуни Русия, ВКД ин кишвар ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла барои иштирок дар занозаниҳо бераҳмона ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ карда, аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум мекунанд.

Дар поёни соли 2021 ВКД Русия хабар дод, ки алакай беш аз 400 муҳоҷирро маҳз барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ аз ин кишвар ихроҷ кардаанд. Аксари онҳоро ба муҳлати то 40 сол аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум карданд!

Дар пайи ин сели ихроҷҳо занозаниҳо байни муҳоҷирон ва бо иштироки онҳо дар шаҳрҳои Русия хеле коҳиш ёфт, вале ҳоло низ гоҳ гоҳ чунин занозаниҳо байни худи муҳоҷирон ё байни онҳо ва шаҳрвандони Русия: сокинони маҳаллӣ ё зодагони Қафқози шимолӣ рух медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button