ТАҒЙИРОТИ НАВИ КАДРӢ ДАР РОҲ АСТ? ШАҲРДОРИ БӮСТОН МАВСУМА МУИНӢ БА ВАКИЛИИ ПАРЛУМОН ПЕШБАРӢ ШУДААСТ

Раиси шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск)-и вилояти Суғд Мавсума Муинӣ аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд №13  ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони ин кишвар пешбарӣ шудааст.  Интихоботи миёндавраӣ дар ин ҳавза рӯзи 16 июли соли 2023 доир мешавад.

Курсии вакил аз ҳавзаи №13 баъди муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин шудану аз ҳаққи вакилӣ маҳрум шудани вакили қаблӣ аз ин ҳавза Гулбаҳор Назирӣ холӣ шуд. Назирӣ, ки риштаҳои забон ва адабиёти рус ва иқтисоди Донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм кардааст,  аз соли 2020 вакили парлумон ва аз он қабл декани яке аз риштаҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсат буд.

Шаҳрдории Хуҷанд дар сомонаи расмиаш хабар дод, ки номзадии Мавсума Муинӣ  аз ҷониби ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон дар анҷумани ғайринавбатии созмони шаҳрии ин ҳизб пешбарӣ гардидааст. Пешбарӣ аз ҷониби ҳизби ҳоким ва таблиғи номзадии Муинӣ дар сомонаи расмии шаҳрдории Хуҷанд ба маъноест, ки ӯ ба эҳтимоли ғолиб, барандаи интихоботи рӯзи 16 июл эълон ва вакили парлумон интихоб хоҳад шуд.

Қарори маълум, аз 63 курсии Маҷлиси намояндагон беш аз 50 курсиаш дар дасти намояндагони ҳизби ҳоким ва чанд курсии боқимондааш дар дасти вакилон аз чанд ҳизби дигари низ тарафдори ҳукумат қарор дошта, ягон ҳизби мухолиф дар парлумони Тоҷикистон ягон намоянда надорад.

Мавсума Муинӣ аз кадрҳои ҷавон ва ояндадори ҳукумати кунунӣ ба шумор рафта, бо вуҷуди синни ҷавонаш алакай таҷрибаи кор дар чандин мансаби баландро дорад.

Муинӣ Мавсума Муинзода 8-уми октябри соли 1981 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, соли 1998 мактаби миёнаи №23-и шаҳри Хуҷандро бо медали тилло хва соли 2003 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро низ бо дипломи аъло хатм карда, соли 2019 маълумоти дуюми худро аз рӯи ихтисоси “Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо” дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба даст овардааст.  

Муинӣ то соли 2009 дар риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дарс дода, аз соли 2009 ба ҳайси муовин ва аз соли 2014 то 2017 ба ҳайси муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҳукумати Тоҷикистон кор кард. 12-уми январи соли 2017 ба мақоми муовини раиси шаҳри Душанбе таъин гардида, 26-уми январи соли 2022 раиси шаҳри Бӯстон таъйин шуд.

Мавсума Муинӣ солҳои 2014-2018 муовини якуми раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон низ буд.

Ӯ соли 2019 дар мавзӯи “Иштироки ҷавонон дар дигаргунсозии иҷтимоӣ – иқтисодӣ дар солҳои истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991-2018)” рисолаи номзадиашро ҳимоя карда, унвони номзади илмҳои таърихро ба даст овардааст.

Мавсума Муинӣ соли 2015 сазовори медали “Хизмати шоиста” шуда, аз соли 2010 узви ҳизби ҳокими халқии демократист. Оиладор, соҳиби ду фарзанд мебошад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button