БОЗДОШТИ СЕ МУҲОҶИРИ ТОҶИК БО ИТТИҲОМИ КУШТОРИ ЯК СОКИНИ ЕКАТЕРИНБУРГ

Пойгоҳи хабарии Е1.RU рӯзи 20 июни соли 2023 хабар дод, ки се шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Русия ба куштани як сокини маҳаллӣ дар ҷараёни занозании гуруҳӣ боздошт шудаанд. Дар ин занозанӣ, ки субҳи 2 июни соли 2023 дар истгоҳи автобуси “Надеждинская” дар кӯчаи Таватуй, воқеъ дар қасабаи Старая Сортировка, дар наздикии собиқ бозор ва ҳоло фурӯшгоҳи “Таганский ряд” ва ҳавзи Верх-Истетск, бузургтарин обанбори пойтахти минтақаи Урал рух дод, боз як сокини маҳаллӣ ҷароҳат бардоштааст.

Як сокини Старая Сортировка ба журналистони E1.RU  гуфтааст, занозанӣ бо айби як сокини маҳаллӣ сар зад, чунки ӯ ба тоҷикҳо часпид.

“Субҳи 2 июн дар истгоҳи “Надеждинская” занозанӣ шуд. Тоҷикҳо ду русро заданд. Яке аз ин русҳо худаш ба муҳоҷирон часпид, вале рафиқи ӯ беҳуда шатта хӯрд, ҳайфи ӯ”, — нақл кардааст ин сокин ба сомонаи E1.RU.

Бино ба иттилои ин нашрия, марди кушташуда Александр ном дошта, 46 сол дошт.

Дар пулис ва Кумитаи тафтишот ин ҳодисаро то ҳол расман шарҳ надодаанд, вале манбаи E1.RU  дар мақомоти ҳифҳи ҳуқуқ бо тасдиқи ин хабар гуфтааст, ки ҳарсе муҳоҷири тоҷикро алакай дастгир кардаанд.

“Бале, чунин ҳодиса рух дода буд ва ин кушторро бо изи гарм ошкор карда, ҳамаи се муҳоҷирро кормандони шуъбаи пулиси №10, ки ин одамкушӣ дар ҳудуди зери масъулияти ҳамин шуъба рух дода буд, алакай дастгир кардаанд. Баъдан маълум шуд, ки будубоши баъзеи онҳо дар Русия қонунӣ набудааст. Яке аз онҳо ба қабурғаҳои Александр зарба задааст ва ӯ баъдан дар бемористон ҷон дод. Зарба чандон сахт набуд, вале саломатии ин мард заиф будааст”, — хабар додааст ин манбаъ.

Ба ин се муҳоҷири тоҷик бар асоси моддаи 111, қисми 4 Кодекси ҷиноятии Русия барои қасдан расондани осеби вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида шудааст, ҳамчун ҷазо то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар бораи шахсияти ин се тоҷики дар Екатеринбург бо иттиҳоми одамкушӣ дастгиршуда ягон иттилоъ дар даст нест.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button