ҲАЛОКАТИ ПИРАМАРД ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИНИ РАҲГУЗАР ДАР ИСТАРАВШАН ВА ОҒОЗИ АМАЛИЁТИ “НЕЛЕГАЛ-2023” ДАР ХАТЛОН

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 20.06.2023

Ба ҳалокат расидани марди солхӯрда дар натиҷаи ҳодисаи нохуши нақлиётӣ

DTPlandkruzer

18-уми июни соли 2023, тахминан соати 16:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «ДЭУ-Лабо», Камолзода Ҳусейн, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат кардан дар хиёбони Истиқлоли ҳамин шаҳр, дар рӯ ба рӯи бозори қисмҳои эҳтиётӣ бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард, Пардаев Ҳасан, соли таваллудаш 1952, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард, Пардаев Ҳ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Танҳо дар моҳи майи соли ҷорӣ, бино ба ҳисобҳо, бар асари садамаҳо дар рорҳои ҷумҳурӣ то 40 нафар ба ҳалокат расида, аз аввали моҳи июн дар бораи дар садамаҳо ҷон бохтани алакай беш аз 20 нафари дигар хабарҳо ба даст расидаанд. Бино ба омори ВКД, соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Мутаассифона, садҳо нафар аз ин қурбониёни садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон кӯдакону наврасонанд.

Оғози амалиёти “Нелегал- 2023” дар вилояти Хатлон

180

Мутобиқи Нақшаи гузаронидани амалиёти минтақавии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъии СААД оид ба муқовимат бо муҳоҷирати ғайриқонунии “Нелегал-2023”, ки аз 15 апрели соли 2023 тасдиқ шудааст, дар ҳудуди давлатҳои аъзои СААД амалиёти минтақавии “Нелегал-2023”, дар ду марҳила гузаронида мешавад.181
Марҳилаи якуми амалиёт бо номи “Нелегал-Трафик” аз 19 то 25 июни соли 2023 ва марҳилаи дуюм бо номи “Нелегал-Кордон” аз 2 то 8 октябри соли 2023.
182Амалиёти мазкур бо ҷалби қувва ва ҳайати шахсии сохторҳои масъули Раёсати ВКД, КДАМ Ҷумурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Хадамоти муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон гузаронида мешавад.
Вазифаҳои асосии амалиёти мазкур, санҷиши тартиби риояи буду боши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, дар фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан, манзилҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо, хобгоҳҳо ва иншоотҳои корӣ, ошкор намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки бе раводид, бе қайди шиноснома дар мақомоти корҳои дохилӣ, бе иҷозат барои кор ва шиносномаҳои беэътибор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буду бош ва фаъолияти меҳнатӣ доранд, иборат мебошад.183
Амалиёти “Нелегал-2023” айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.
Офоқ Қодириён, полковники милитсия

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button