ТОҶИКИСТОН АЗ ӮЗБЕКИСТОН БО ҲИСОБИ БУЗУРГИ 1:5 ШИКАСТ ХӮРД (ВИДЕО)

Рӯзи 17 июни соли 2023 тими миллии футболи Тоҷикистон дар даври охирини мусобиқоти гуруҳии Ҷоми Иттиҳодияи футболи Осиёи Марказӣ дар гуруҳи “А”) дар варзишгоҳи “Бунёдкор”-и шаҳри Тошканд аз тими Ӯзбекистон бо ҳисоби бузурги 1:5 шикаст хӯрд ва бо ҳамин, ҳунарнамоияшро дар ин мусобиқа ба поён расонд.

Дар рақобат бо Ӯзбекистон ҳисобро футболбозони тоҷик кушоданд. Парвизҷон Умарбоев дар дақиқаи 13 зарбаи ҷаримавиро ба самар расонд. Тими Тоҷикистон ин ҳисобро то дақиқаи 53 нигоҳ дошт, вале билохира Ҷасурбек Яхшибоев ҳисобро баробар кард ва алакай баъди як муддати кӯтоҳ, дар дақиқаи 56 Элдор Шомуродов бо зарбаи пеналти тими Ӯзбекистонро пеш баровард. Дар дақиқаи 72 Аббосбек Файзуллоев голи сеюмро вориди дарвозаи Тоҷикистон кард ва сипас Ҳоҷимат Эркинов дар дақиқаи 83 ва Остон Урунов дар дақиқаи шашуми иловагӣ ҳисобро то ба 5:1 ба фоидаи футболбозони ӯзбек расонданд.

Сармураббии тими Тоҷикистон мураббии олмонӣ Петр Сегрт дар нишасти хабариаш баъди анҷоми бозӣ тамоми масъулияти ин шикаст бо ҳисоби бузургро ба дӯши худ гирифт. Аммо маълум нест, ки оё ӯ акнун истеъфо хоҳад дод ё боз ҳам ба раҳбарии тими миллии Тоҷикистон давом хоҳад дод?  Қабл аз оғози мусобиқоти ахир, бисёре аз мухлисони тоҷик Петр Сегртро барои интихоби нодурусти ҳайъат ба боди интиқод кашида, навишта буданд, ки бисёре аз футболбозони шоиста аз ҳайъати тими миллӣ берун мондаанд.

Бо вуҷуди пирӯзӣ бар Тоҷикистон, тими Ӯзбекистон низ натавонист ба финал барояд. Ҷои аввалро дар гуруҳи “А” Умон ба даст овард. Тими Умон, ки дар даври охирин бар Туркманистон ғолиб омад, акнун дар бозии финалӣ бо тими Эрон, ғолиби гуруҳи “Б” вориди рақобат хоҳад шуд.

 “CAFA Nations Cup-2023

Гуруҳи “А”. Даври 3-юм

Ӯзбекистон – Тоҷикистон – 5:1

Голҳо: Парвизҷон Умарбоев, 13 (0:1). Ҷасурбек Яхшибоев, 53 (1:1). Элдор Шомуродов, 56 – аз пеналӣти (2:1). Аббосбек Файзуллоев, 72 (3:1). Ҳоҷимат Эркинов, 83 (4:1). Остон Урунов, 90+6 – аз пеналти (5:1).

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ҳанонов (Содиқҷон Қурбонов, 66), Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе (Комрон Турсунов, 81), Шервонӣ Мабатшоев (Нуриддин Ҳамроқулов, 66), Алишер Ҷалилов (Муҳаммадҷон Раҳимов, 46), Парвизҷон Умарбоев (Холмурод Назаров, 81), Манучеҳр Ҷалилов (Муродали Акназаров, 87).

Довари асосӣ: Ҳасан Акрамӣ (Эрон).

17 июн. Тошканд. Варзишгоҳи “Бунёдкор”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button