СОМОН ВА МАҲМАДБЕК МАҲМАДБЕКОВҲО ҲАРДУ ДАР “ГРАНД СЛАМИ ҚАЗОҚИСТОН” СОҲИБИ МЕДАЛҲОИ ТИЛЛО ШУДАНД (2 ВИДЕО)

Рӯзи 17 июни соли 2023, дар рӯзи дуюми мусобиқаи “Гранд Слами Қазоқистон” (Qazaqstan Barysy Grand Slam-2023) оид ба гуштини дзюдо (ҷудо) якбора ду паҳлавони тоҷик, ки ҳарду аз як хонаводаи шуҳратёр ва писарамак мебошанд, сазовори ҷои аввал ва медалҳои тилло шуданд.

Маҳмадбек Маҳмадбеков, ки қаблан таҳти парчами Русия ҳунарнамоӣ мекард, вале ба далели таҳримоти зидди Русия эълоншуда ҳоло таҳти парчами Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF)  ба майдо мебарояд, дар вазни 73 кило сазовори медали тилло шуд. Маҳмадбек Маҳмадбеков ахиран дар мусобиқаи “Гран Прии Душанбе” низ медали тилло ба даст оварда буд.

Писарамаки ӯ Сомон Маҳмадбеков, ки таҳти парчами Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад, дар “Гранд Слами Қазоқистон” дар вазни -81кг ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд. 

 Сомон, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари бетараф Ҳасан Холмирзоев, дар чорякфинал бар варзишгари Озарбойҷон Зелим Тскаев, дар нимфинал бар намояндаи Гурҷистон Дмитрий Гошилаидзе ва дар финал варзишгари Бразил Гуилҳерме Шмидтро мағлуб намуда, бори аввал медали тиллоро аз мусобиқаҳои Гранд Слам ба гардан овехт. Сомон қаблан дар мусобиқаҳо аз силсилаи “Гранд Слам” ду медали биринҷӣ дошт.

 Варзишгари дигари тоҷик Шодмон Ризоев, ки низ дар вазни то 81 кило рақобат мекард, пас аз пирӯзӣ бар Мӯсо Собирови узбекистонӣ дар даври аввал, дар даври дуюм аз Нугзалӣ Таталашвилӣ аз Имороти Муттаҳидаи Араб шикаст хӯрд.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар мусобиқа 334 варзишгар (190 мард, 144 зан) аз 42 давлати ҷаҳон ширкат менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 10 варзишгар миёни мардон намояндагӣ мекунанд.

Ин мусобиқа 16 июни соли 2023 оғоз ёфта, то рӯзи 18 июн давом мекунад. Аз тими Тоҷикистон то имрӯз танҳо  Сомон Маҳмадбеков муваффақ ба дарёфти медали тилло шуда, Меҳрзод Сӯфиев сазовори ҷои панҷум шуд. Мутаассифона, боқӣ паҳлавонҳои тоҷик дар Қазоқистон шикаст хӯрданд.

Дар рӯзи ҷамъбастии мусобиқа боз 4 паҳлавони тоҷик: Умедҷон Раҷабов (-90кг), Исроил Раҳимов (-100кг), Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов (+100кг) ба майдон мебароянд. Ба онҳо дар “Гранд Слами Қазоқистон” комёбӣ орзу мекунем!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button