АЗ БАЧАДОНИ ЯК ЗАНИ ТОҶИК БЕШ АЗ 10 КИЛО ГӮШТИ ЗИЁДАТИРО БУРИДА ГИРИФТААНД

Табибони бемористони клиникии ҷумҳуриявӣ ба номи Умар (Ғумер) Қувватов дар шаҳри Уфа, пойтахти ҷумҳурии Бошқирдистони Русия аз бачадони як зани  42-солаи зодаи Тоҷикистон беш аз10 кило гӯшти зиёдатӣ (киста), ё ба истилоҳи тиббӣ, миомаи раҳм ё бачадонро бурида гирифтаанд. Дар ин бора рӯзи 16 июни соли 2023 дар саҳифааш дар Телеграм вазири тандурустии Бошқирдистон Айрат Раҳматуллин бо нашри аксҳо аз утоқи ҷарроҳӣ хабар дод.
Бино ба иттилои ӯ, зани тоҷик ҳангоми муоина нақл кардааст, ки чизе шикамашро хеле вақт боз фишор меовард, вале ӯ ба табибон то ҳол муроҷиат накарда буд.

 “Ин беморро баъди анҷоми ташхисҳо дар шуъбаи гинекологӣ бистарӣ карданд. Табибон бо анҷоми ҷарроҳии гистерэктомияи лапаротомӣ ин гӯшти зиёдатии пайдошударо бурида гирифтанд. Ҷарроҳӣ бо муваффақият анҷом ёфт. Беморо худро хуб ҳис мекунад ва ҳоло барои ҷавобшавӣ аз бемористон тайёрӣ дида истодааст”, – хабар додааст Раҳматуллин.
Айрат Раҳматуллин ҳамагӣ 36 сол дошта, аз соли 2022 вазири тандурустии Бошқирдистон аст. Ӯ қаблан ба ҳайси табиби асаб (невролог) дар ҳамин бемористони ба номи Қувватов ва сипас як муддат дар вазорати тандурустиву дар мақоми сардухтури бемористони клиникии шаҳрии №18 дар шаҳри Уфа кор кардааст.

Айрат Раҳматуллин менависад, чунин гӯштҳои зиёдатӣ, ба мисли миомаи раҳм, маъмулан дар синни 35-50 пайдо мешаванд, вале дар даҳсолаи ахир чунин гӯшти зиёдатӣ дар бачадони занони ҷавонтари қобили таваллуд низ зиёд шудааст.

 “Ташхиси саривақтӣ имкон медиҳад, ки қобилияти таваллуди чунин занони бемор ҳифз карда шавад, аз ин рӯ, барои ҳар зан сари вақт ва мунтазам гузаштан аз ташхисҳои тиббӣ хеле муҳим аст. Дар фикри саломатии худ бошед ва сари вақт аз ташхис гузаред!” – навиштааст вазири тандурустии Бошқирдистон.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button