МуҳоҷиронҲодиса

15-СОЛӢ(!!!) ҲУКМИ ЗИНДОНИ ДУ ЗАНИ ТОҶИК НИЛУФАР ВА МАЙДАГУЛ БАРОИ 11 ГРАММ НАШЪА

Додгоҳи шаҳри Сухуми, пойтахти Абхозистон, як кишвари худхондаи расман эътирофношуда дар минтақаи Қафқоз, ду зан аз Тоҷикистон ро бо ҷурми қочоқи 11 грамм маводи мухаддири “метадон” 15-солӣ ҳукми зиндон додааст. Тибқи қонунҳои Абхозистон дар парвандаҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир ҳатто 11 грамм низ ҳамчун “миқдори махсусан бузург” таъбир мешавад.

Метадон як навъ маводи мухаддири сунъист, ки аз афюн тайёр карда мешавад ва ба ҳайси доруи таскинбахши дард низ истифода мешавад. Вале дар кишварҳои зиёди дунё метадон ҳамчун навъе аз маводи мухаддир эътироф шудааст.

Додситонии кулли Абхозистон рӯзи 17 июни соли 2023 хабар дод, ки додгоҳи шаҳри Сухуми рӯзи 9 июн ду шаҳрванди Тоҷикистон – Бозорова Нулифар, соли таваллудаш 2001, ва Раҳимова Майдагул Турсуновна, соли таваллудаш 1978-ро бар асоси қисми сеюми моддаи 224 Кодекси ҷиноятии Абхозистон дар фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир ба миқдори махсусан бузург гунаҳкор шинохт. Нилуфар Бозорова ва Майдагул Раҳимова дар умум дар интиқол ва нигоҳдории 11, 142 грамм “метадон” бо мақсади фурӯш гунаҳкор дониста шуда, ҳар кадомаш ба 15 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуданд. Додгоҳ ба болои ин Нилуфар Бозороваро ба маблағи 600 ҳазор рубл (тақрибан 7500 доллар) ва Майдагул Раҳимоваро ба маблағи 700 ҳазор рубл (наздики 8800 доллар)  ҷарима бастааст.

Худи ин ду зан ваё наздикону адвокатҳои онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале додситонии кулли Абхозистон хабар дод, ки Нилуфар Бозорова дар ҷараёни тафтишот ва мурофиа ба гуноҳи худ пурра иқрор кардааст. Додситонӣ гуфт, Майдагул Раҳимова баракс иттиҳоми ба зиддаш эълоншударо ба гардан нагирифт.

 “Дар давоми 15 рӯз аз замони дарёфти матни ҳукм, ҷонибҳо ҳақ доранд, аз ин ҳукм ба додгоҳи болоӣ шикоят баранд. Ин ду зан то замони қувваи қонунӣ гирифтани ҳукмашон бегуноҳ дониста мешаванд”, – таъкид шудааст дар иттилоияи додситонии кулли Абхозистон.

Абхозистон (ба русӣ Абха́зия, ба абхозӣ  Аԥснӣ [Апсны́] ва ба гурҷӣ აფხაზეთი [Апхазети]) —вилоятетс дар қисмати шимолуғарбии қисмати ҷанубии  қаторкӯҳи асосии Қафқоз, ки дар соҳилҳои шимолушарқии баҳри Сиёҳ доман густурдааст. Дар соли 2008 дар пайи ҷанги Русия бо Гурҷистон ва ишғоли як қисми қаламрави Гурҷистон, ду минтақаи ин кишвар: Абхозистон ва Осетияи ҷанубӣ таҳти ҳимояти Маскав қарор гирифта, худро давлатҳои мустақил эълон карданд. Вале истиқлоли онҳоро давлатҳои дигар ба расмият нашинохтаанд. Гурҷистон ин ду вилояташро минтақаҳои аз сӯи Русия ишғолшуда мешуморад.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, 1370 км марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ”  ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русияву Қазоқистон табдил ёфтааст.

Аз тақрибан 8 ҳазор тоҷикистоние, ки дар маҳбасҳои Русия адои ҳукм мекунанд, бино ба ҳисобҳои ғайрирасмӣ, тақрибан чорякаш барои ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button