ОШКОР ШУДАНИ БОЗ 5 ДУЗДӢ ВА ЯК ҚАЛЛОБӢ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 17.06.2023

Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

14

Ба ШВКД дар ноҳияи Вахш бо ариза марди 44-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 12-уми июни соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматипш шуда, аз онҷо 20 ҳазору 300 сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18 ва марди 28-солаи сокинони ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини пойтахт бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 15-уми июни соли 2023, тахминан соати 11:30-дақиқа дар кӯчаи Н.Ганҷавии шаҳри Душанбе бо ҳамроҳии рафиқаш «Наврӯз» ном шахс вориди манзили истиқоматии марди 31-солаи сокини ноҳияи Темурмалик шуда, аз онҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи «Текно камон 20»-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

72

Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб аризаи зани 32-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 13-уми июни соли 2023, тахминан соати 15:30-дақиқа, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз дохили мағозаи фурӯши либосҳои занонааш, воқеъ дар бозори “Саховат”-и шаҳри Кулоб 19-адад матоъи занонаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 4 ҳазору 260 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 47-солаи сокини ноҳияи Восеъ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо ариза марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 12-уми июни соли 2023, тахминан соати 23:30-дақиқа, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба бинои нуқтаи таъмири воситаҳои нақлиётиаш ворид шуда, аз он ҷо 1-адад муҳаррики автомашинаи тамғаи “Хундай-Сантафе”, 1-адад қисми муҳаррики автомашинаи “Хундай-Старекс” ва 1-адад қисми муҳаррики автомашинаи “Опел-Астра”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 15 ҳазору 550 сомониро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғони 17, 16 ва 17-солаи сокинони ноҳияи Ҷ.Балхӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Ҳамин тариқ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 57-солаи сокини ноҳияи Ашт, соли 1994 бо моддаи 154 қисми 3 (дуздӣ) Кодекси ҷиноятиии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, 6-уми июни соли 2023, тахминан соати 23:00, бо тариқи пинҳонӣ аз нуқтаи фурӯши меваҳо, ки ба марди 31-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров тааллуқ дорад, 13 ҳазору 600 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани марди қаллоб

167

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи июли соли 2022, дар ҳудуди шаҳри Душанбе марди 34-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, бо баҳонаи рушду равнақ додани фаъолияти соҳибкориаш 1-адад автомашинаи тамғаи «Тойота-Камри»-ро ба маблағи 240 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуда, ваъда додааст, ки бар ивазаш барои пешбурди сохтмони бинои баландошёна дар ҳудуди ноҳияи Сино маҳсулоти сохтмонӣ оварда медиҳад, аммо автомашинаро ба ному насаби дигар кас ҳуҷҷатгузорӣ намуда, фурӯхтааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button