Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

БОЗДОШТИ РОНАНДАЕ, КИ МӮСАФЕДРО ПАХШ КАРДУ АЗ ҶОИ ҲОДИСА ГУРЕХТ (АКС)

Шоми 16 июни соли 2023 дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори садамаи нақлиётие нашр гардид, ки гуфта мешуд, ронандаи мошини тамғаи «Тойота» пиёдагардеро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.

Маркази матбуоти милитсияи шаҳри Душанбе рӯзи 17 июн хабар дод, ки дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки ин ҳодиса санаи 16-уми июни соли ҷорӣ, тақрибан соати 17:32 рух додааст ва аз ҷониби кормандони БДА пойтахт ҳамчун садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда, дар натиҷаи санҷиш ронандаи фирорӣ муайян ва боздошт карда шуд.

Муайян гардид, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота Камрӣ», рақамҳои қайди давлатиаш 55 51 АS 01 шаҳрванд Сатторов Илҳомҷон Алимаҳмадович, соли таваллудаш 2003, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар маҳаллаи Навобод, як марди 64-солаи роҳгузарро бо қисмати пеши автомашинаи худ пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст. Ҷабрдида аз ҷониби шаҳрвандон ба беморхона дастрас гардида, ба ӯ ёрии тиббӣ расонида шуд.

Милитсия гуфт, хушбахтона, ин марди солхӯрда ба саломатиаш зарари вазнини ҷисмонӣ набардоштааст. Аммо ин ронандаи беинсофро, ки раҳгузари маҷруҳро дар ҷои ҳодиса партофту гурех, аз ҷавобгарӣ халос намекунад. Вобаста ба ин ҳодиса, нисбат ба ронандаи фирорӣ аз ҷониби кормандони милитсия маводи зарурӣ тартиб дода шуда, ин қазия мавриди санҷиши пешакӣ қарор дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button