10 ШАБОНАРӮЗ ҲАБСИ СОКИНИ ПАХТАКОР БАРОИ МАЙДААВБОШӢ ВА 680 СОМОНӢ ҶАРИМАИ ТАРБУЗФУРӮШ БАРОИ ДАҒАЛӢ (3 АКС)

Маркази матбуоти милитсияи Душанбе  хабар дод, ки як сокини 28-солаи маҳаллаи Пахтакор дар канори пойтахтро барои майдаавбошӣ 15 шабонарӯз ҳабс кардаанд.

Худи ҷавони ҳабсшуда барои шарҳи моҷаро дастрас нест, вале ба иттилои милитсия, санаи 15 июни соли ҷорӣ, тақрибан соати 12:30, шаҳрванд Файзуллоев Ҳокимҷон Пардаевич, санаи таваллудаш 20.05.1995, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи Пахтакор, ҳангоми дар кӯчаи Н.Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ қарор доштан тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудааст. “Номбурда ҳамзамон бо садои баланд доду фарёд намуда, дар баробари ба талаботи қонунии кормандони милитсия итоат накардан, ҳамзамон боиси халалдор гаштани оромии шаҳрвандону атрофиён гаштааст”, – гуфта мешавад дар хабар.

 Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Файзуллоев Ҳокимҷон тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ирсол карда шуд.
  Зимни баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунӣ, Файзуллоев Ҳокимҷон худашро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ гунаҳгор шуморида, ҷиҳати минбаъд ба чунин кирдори зиддиҷамъиятӣ даст назадан, сидқан изҳори пушаймонӣ кардааст. Бо ин вуҷуд, додгоҳ нисбат ба ӯ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъйин кардааст.

Риояи ҳамаҷонибаи талаботи қонунгузорӣ ва тартибу низоми шаҳрвандиву шаҳрдорӣ камоли одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ба шумор меравад. Мутаассифона, баъзе аз афроди каҷрафтор, бо амалу кирдори худ боиси халалдор гаштани тартибот ва оромии шаҳрвандон мегарданд”, – таъкид кардааст милитсияи Душанбе дар гузоришаш.

Ҳамин тавр, бино ба хабари дигари милитсияи пойтахт, дар асоси муроҷиати Фейсбукии як сокини шаҳри Душанбе, аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Раҳимов Сино Абдукаримович, санаи таваллудаш 06.05.1994, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино кӯчаи Навбаҳор дастгир карда шуд. Худи Раҳимов, ки тарбузфурӯш будааст, барои шарҳи қазия дастрас нест, вале милитсия гуфт, ки ӯ санаи 11-уми июни соли ҷорӣ, тахминан соати 16:00 дақиқа дар кӯчаи Зарафшон зимни ба фурӯши тарбуз машғул шудан, бо муроҷиаткунанда дағалона муносибат намуааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Раҳимов Сино протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Сино ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 680 сомонӣ таъйин карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button