ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ЯК КӮДАКИ СЕСОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИНИ РОҲГУЗАР ДАР ЯК ДЕҲАИ ТУРСУНЗОДА

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ҳалокати боз як кӯдаки хурдсол дар зери чархи мошини раҳгузар  хабар дод. Ин ҳодиса дар як деҳа дар канори Турсунзода дар ғарби ҷумҳурӣ рух додааст.

Бино ба иттилои нашршуда, нимаи дуюми рӯзи 11-уми июни соли 2023, тахминан соати 17:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Юсупов Сафаралӣ Турсоатович, соли таваллудаш 1968, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди деҳаашон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол Назарова Мубина Йӯлдошовна, соли таваллудаш 2020, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Назарова М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, пас аз як рӯз ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки шоми 11 июни соли 2023, дар байни камтар аз як соат дар ду садама дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ ду марди солхӯрдаи яке 60-солаву дувумӣ 66-сола ба ҳалокат расидаанд. Аввалӣ, ки скутер меронд, дар шаҳраки Бӯстон, маркази ноҳия бар асари бархӯрд бо “Опел” ҷон бохтааст ва дуюмӣ савори велосипед дар ҳудуди ҷамоати Оббурдон зери чархи “Дэу Дамас” мондааст.

Дар умум танҳо тайи рӯзҳои 9 – 11 июни соли 2023 дар 10 садама дар роҳҳои кишвар дастикам 12 нафар ҷон бохтаанд.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Танҳо дар моҳи майи соли ҷорӣ, бино ба ҳисобҳо, бар асари садамаҳо дар рорҳои ҷумҳурӣ то 40 нафар ба ҳалокат расида, аз аввали моҳи июн дар бораи дар садамаҳо ҷон бохтани алакай ҳудуди 20 нафари дигар хабарҳо ба даст расидаанд.

Бино ба омори ВКД, соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Мутаассифона, садҳо нафар аз ин қурбониёни садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон кӯдакону наврасонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button