ҚОРӢ ИШКАМБАҲОИ АСРИ 21 Ё ЧӢ ГУНА 8 ҲАЗОР ҚАРЗИ ФАЗИЛА 208 ҲАЗОР ШУД

Додгоҳи ноҳияи Файзобод рӯзи 13 июни соли 2023 дар пайи баррасии баҳси пули қарзи  сокинони шаҳраки Файзобод Фазила Латипова ва хоҳарон Зебо Бобиева ва Рухшона Шарипова ба тарафи қарздор Фазила Латипова то рӯзи панҷшанбе, 15 июн фурсат додааст, то ки ба он ду хоҳар 208 ҳазор сомонӣ пардохт кунад. Додрас Шодӣ Назарзода Фазила Латипова, модари се фарзанди хурдсолро ҳушдор додааст, ки агар пули қарзашро надиҳад, ба ҳабс гирифта хоҳад шуд.

Ин моҷарои қарзӣ, ки хоси танҳо ин баҳс ё хоси танҳо ноҳияи Файзобод нест, балки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон хеле зиёд рух медиҳад, худ як намунаи барҷастаи чӣ гуна ба доми “Қорӣ Ишкамбаҳои асри 21” афтодани сокинони бечора, бавижа занони муштипар ва бепуштупаноҳ аст.

Фазила Латипова мегӯяд, ӯро дар ҳоле ба пардохти 208 ҳазор сомонӣ, ё қариб 10 ҳазор доллар  маҷбур карда истодаанд, ки ӯ аз ин хоҳарони фоизхӯр дар умум ҳамагӣ … 8 ҳазор сомонӣ пул гирифтааст ва алакай ба онҳо на камтар аз 10 баробари пули гирифтааш пул додааст, вале қарзи Зебо Бобиева ва Рухшона Шарипова ҳеҷ не ки соф шавад. Дар асл, ин ду хоҳар бо истифода аз соддагии ин зани кӯҳистонӣ, ӯро амалан барои худ ба як гови ҷӯшоӣ  табдил додаанд.

Фазила Латипова дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” чӣ гуна гирифтор шуданаш ба ин чархофалаки қарзиро чунин нақл кард:

“Як сол пеш, моҳи июни соли 2022, мани сода  хостам, ки дандон шинонам. Гуфтанд, ки пули 9 дандон 7500 сомонӣ мешавад. Ман ин қадар пул надоштам. Вале ҳамсояам Рухшона Шарипова пешниҳодам кард, ки 10 ҳазор сомонӣ пули апаам дар дастам аст, медиҳамат, дандонҳоятро шинон, баъд кам кам додан мегирӣ пули маро. Намедонам, чӣ хел сарамро тоб дод, ки розӣ шудам. Рухшона ба ҷои 10 ҳазор ба ман 8 ҳазор дод ва 2 ҳазорашро ҳамчун фоизи моҳи якум дар ҳамон ҷояш гирифт.  Пеши табиб рафтам, ки гуфт, бояд аввал ягон ду моҳ табобат кунем милкҳоятро ва баъд дандон шинонем. Бо ҳамин, ба дандоншинонӣшам нарасидам. Ман аз сари ин пул ба духтури дандон барои табобати дандонҳоям 2 ҳазорашро додам, дигар боқимонда пули гирифтаам дар ивази фоиз боз ба худи ҳаминҳо додам. Ба болои ин, зуд пулашро талаб кард ва ман дода натавонистам. Рухшона ба ман гуфт, ки аз апааш Зебо 10 ҳазор бигирам ва қарзро бидиҳам. Зебо ба ман пул дод, вале фоизашро рӯзакӣ кард. Ҳар 5 рӯз барои фоизи пулаш меомад ва вақте ки ман дода наметавонистам, ин фоизҳоро ба болои қарзаш зам мекард ва баъди 5 рӯз алакай фоизи зиёдтар талаб мекард. Ҳамин тавр, қарзи ман зиёд шуда рафтан гирифт. Ҳоло мегӯянд, ки қарзи ман ба 208 ҳазор расидааст. Ман аз куҷо диҳам ин қадар пулро? Ман охир аз инҳо буду шуд дар дастам як бор 8 ҳазор ва як бори дигари 3 ҳазор сомонӣ гирифтам. Дигар ҳамааш фоизбандиҳои ин апаву хоҳар аст”.

Фазила Латипова мегӯяд, Зебо Бобиева ва Рухшона Шарипова нисбат ба вай бо талаби қарзашон қонуншиканиҳои зиёдеро раво диданд ва ҳатто урён карда, видеояш карданд. Ҳамин тавр, ӯ аз он шикоят дорад, ки Бобиева бо писараш духтари хурдсоли ӯро дар ивази қарзаш гаравгон бурданӣ шудаанд ва ӯ ба хотири инки ин корро накунанд, боз як забонхатти дигарро имзо карда, бори қарзи худро боз ҳам гаронтару миёншикантар кардааст.

Ӯ мегӯяд, барои додгоҳӣ ба тамоми идораҳо рафт, вале касе ба арзаш нарасид: “Чунин ба назар мерасад, ки ҳамаро дар Файзобод харида бошад Зебо Бобиева бо хоҳаронаш. Ба Душанбе, ба марказ чанд бор арз кардам, вале аз онҷо шикоятҳои маро барои баррасӣ боз ба Файзобод мефиристанд ва инҷо касе бо Бобиева ва хоҳарони ӯ ё сарбасар шудан намехоҳад ё зӯрашон ба онҳо намерасад. Ҳатто як бор ба ҳузури раиси ноҳия рафтам. Ӯ арзамро шуниду “маслиҳат” дод, ки “худатро ба шохи гов ҷанг наандоз, ҷамъ кун, пули қарзашонро деҳу дигар қарз нагир”. Ман гуфтам, ки шумо охирин даргоҳи умедам будед, акнун ман ба куҷо равам? Арзу доди мани бечораву муштипарро дар ин ҷумҳурӣ касе ҳаст ки шунавад?”

Фазила Латипова танҳо нафаре дар Файзобод нест, ки Зебо Бобиева ва хоҳаронаш бо онҳо бар сари фоизбандиҳояшон моҷаро доранд. Зебо Бобиева ҳамин тавр, бо хонаводаи шавҳари собиқаш низ бар сари хона чанд сол боз ҷанҷол дорад ва барои латтукӯби ҳамсари хусури собиқаш Ҳуснигул Камолова ба зиддаш бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ ҳам кушодаанд.

Ҳуснигул Камолова рӯзи 14 июни соли 2023 дар суҳбат бо “Бомдод” гуфт, аз беадолатӣ ва аз пуштигирии мақомоти Файзобод аз келини собиқи онҳо ба дод омадааст: “Худамро заданд, чанд узви баданамро шикастанд. Кӯдаки чорсолаамро заданд. Боз моро гунаҳкор мекунанд. Мехоҳам як рӯз бихезаму ноҳияи Данғара хонаи президент Эмомалӣ Раҳмон биравам ва то арзамро нашунаванд, ҳамон ҷо бимонам”.

Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, бо фоиз қарз додан амалиёти молиявӣ ва бонкӣ ба шумор меравад ва шаҳрвандоне, ки иҷозатномаи вижаи Бонки миллӣ барои анҷоми чунин амалиёти молиявиро надоранд, наметавонанд шаҳрвандони дигарро фоиз банданд ва дар сурати напардохтани қарзашон онҳоро ба гунае ҷазо диҳанд.

Ҳамин тавр, забонхатте, ки бидуни риояи қонунҳои нотариалӣ имзо шудааст, аз нигоҳи ҳуқуқӣ, дар низоми ҳуқуқии Тоҷикистон қурби қонунӣ надорад. Зебо Бобиева ва Рухшона Шарипова забонхатҳояшонро аз Фазила Латипова бидуни муҳри нотариус гирифтаанд.

Тибқи қонунҳои Ислом низ, рибо, яъне фоиз гирифтан аз қарз ҳаром ҳисоб мешавад ва ин кор барои мусалмонон амали мамнӯъ ҳукм шудааст.

Фазила Латипова мегӯяд, ӯ ҳоло ҳам розист, ки пули қарзи ин хоҳаронро бидиҳад, вале на ин ҳама фоизҳои миёншиканро: “Ман аз онҳо як бор 8 ҳазор ва як бор 3 ҳазор сомонӣ пул дар дастам гирифтаам. Қарзи ман фақат ҳамин аст. Он ҳама боқимондааш фоизҳоест, ки онҳо ба сари худ ба гардани ман бор кардаанд. Ман тамоми дороиямро фурӯшам ҳам, ин қадар пул надорам, ки ба инҳо бидиҳам. Ва чаро бояд ба ҷои 8 ҳазор ба инҳо 208 ҳазор бидиҳам? Ва он ҳам дар ҳоле ки ин пулро барои 9 дандон гирифта будам ва ин қадар қарз ба гарданам бор шуду ягон дандон шинонда ҳам натавонистам…”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button