ХАБАРҲОИ ЗИДДУ НАҚИЗ ДАР БОРАИ АДАМ ДЕЛИМХОНОВ, ЯКЕ АЗ ЁРОНИ НАЗДИКИ РАМАЗОН ҚОДИРОВ

Адам Делимхонов, яке аз ёрони наздики раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров, ки фармондеҳии нирӯҳои чеченро дар ҷанги Украина бар дӯш дорад, рӯзи 14 июни соли 2023 дар ҷануби Украина ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифтааст. Дар пайи ин ҳамла дар бораи ӯ хабарҳои зиддунақиз ба даст мерасанд. Дар ҳоле ки бархе расонаҳои Украина аз кушта шудани Делимхонов бо ҷамъе аз ёронаш хабар медиҳанд, расонаҳои Русия ва вакилони Думаи давлатӣ, Делимхонов вакили ин маҷлиси поёнии парлумони Русия низ ҳаст, мегӯянд, ки ӯ дар ин ҳамла ҷароҳат бардоштааст, вале зинда аст.

Рӯзноманигори украинӣ, Кирилл Сазонов, ки ҳоло дар сафи қӯшунҳои мусаллаҳи Украина дар хатти ҷабҳа меҷангад, хабар додааст, ки Адам Делимхонов  дар ҳудуди шаҳри Приморски вилояти Запарожеи Украина аз тарафи артиши Украина нобуд карда шуд. Кирилл Сазонов рӯзи 14-уми июни соли 2023 дар Фейсбук навишт, ки “дасти рости Қодиров, Делимхонов ба бори 200 ( рақами 200 истилоҳи ҳарбӣ буда, ба ҷои тобут истифода мешавад)  табдил дода шуд. Дар ин амалиёт гурӯҳи “Бандерлогҳо” бо гурӯҳи “Горизонт” иштирок намуданд…”

Дар аввал расонаҳои Русия комилан ҳаргуна хабар дар мавриди Делимхоновро рад намуда, онро хабари фейк номиданд. Вале баъдан шабакаи телевизионии “Звезда”, ки ба вазорати мудофиаи Русия тааллуқ дорад, бо такя ба манобеи худ дар Думаи давлатии Русия хабар дод, ки “Адам Делимханов зинда аст, вале ҷароҳат бардоштааст”.

Дар навбати худ  раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров, ки хел дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол аст, дар Телеграм бо як лаҳни кинояомез навишт, ки “ман худам бо Делимхонов алоқа барқарор карда наметавонам. Ӯ ба алоқа намебарояд. Аз истихбороти Украина хоҳиш мекунам, ки ба ман маълумоте диҳанд, ки маҳз дар кадом минтақа ва дар кадом мавқеъ ҳамла сурат гирифтааст, то ман БАРОДАРИ азизамро пайдо кунам. Ваъда медиҳам, ки барои ҳамкорӣ мукофоти хубе медиҳам”.

  Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин низ, ба гуфтаи Телеграм-канали як вакили порлумони рус, тасдиқ намудааст, ки “Делимхонов сиҳату саломат аст ва ба ҳаргуна хабарҳои хукмиҷозҳо бовар накунед”.

Дар ҳамин ҳол, Аптӣ Алоуддинов, фармондеҳи нирӯҳои вижаи “Ахмат” дар ҷанги Украина, ки дар аввал ба хабаргузории ТАСС гуфт, ки Делимхонов зиндаву солиму бардам аст ва дар Чеченистон қарор дорад, баъди чанде хабар дод, ки нирӯҳои худро аз ҷабҳаи Марино гирифта, ба маҳалли ҳамла ба Делимхонов мефиристад, чунки, ба навиштаи Алоуддинов, “аз Рамазон Қодиров фармон расид, ки ӯро ба ҳар роҳу васила ва ҳар қимате пайдо карда, аз инҷо барорем”.

 Адам Делимхонов аз хешовандони наздики роҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров ва яке аз ёрони наздик ва сарсупурдаи ӯ ба шумор меравад.

Дар моҳи апрел соли 2022 бо амри Путин ба ӯ унвони Қаҳрамони Русия дода шуд. Ба гуфти Рамазон Қодиров, “маҳз бо роҳбарии Делимхонов низомиёни чечен Мариуполро нирӯҳои украинӣ тоза намуданд”.

Қаблан дар як тадқиқоти журналистӣ муаллифон даст доштани ин вакили парлумони Русия ба қатли Борис Немсов, сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Путинро ошкор карда буданд. Ҳамчунин ӯро барои куштани Сулим Ямадаев низ гунаҳкор медонанд. Аз соли моҳи июли соли 2014 Делимхонов дар рӯйхати шахсони зери таҳрими Амрико қарор дорад.

Қодиров ва Делимхонов садҳо нафарро ба ҷанги зидди Украина сафарбар кардаанд. Бино ба маълумоти дарёфтӣ, дар байни онҳое, ки дар саффи нирӯҳои чечен ба Украина рафтаанд, тоҷикҳо низ зиёданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button