ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҲодиса

“РАЗБОРИ СОФ ТОҶИКӢ”: ДАР ЗАНОЗАНИИ БАЙНИ ХУДИ ТОҶИКҲО ДАР ЕКАТЕРИНБУРГ ДУ ТОҶИК КУШТА ВА ДУ ТОҶИКИ ДИГАР ЗАХМӢ ШУДАНД

Соати сеи шаби 12 июни соли 2023 дар назди мағозаи “Монетка” дар кӯчаи Бардин дар маҳаллаи Юго-Запад ё Ҷанубу Ғарби шаҳри Екатеринбург байни  шаҳрвандони Тоҷикистон барои пули қарз занозании гуруҳӣ, ё ба қавле “разбори калон” шудааст. Мутаассифона, дар ҷараёни ин “разбор” ду тоҷик кушта ва ду тоҷики дигар захмӣ шудаанд.

Лаҳзаи фирори иштирокчиёни занозаниро видеокамераҳои як мағоза сабт кардаанд.  Кормандони мағоза сабтро ба пулис додаанд ва ҳоло муфаттишон бар асоси ҳамин сабт иштирокчиёни занозаниро муайян карда истодаанд.

Ягон 5 мард фарёд кашида, як мошинро лагаткӯб доштанд. Баъди чанде онҳо аз онҷо фирор карданд ва дар ҷои ҳодиса, дар паҳлуи мағоза танҳо як ҷасад монд. Ӯро корд зада будаанд. Ҷасади дуюмро дар он тарафи роҳ дар даруни ҳавлӣ пайдо карданд — нақл кардааст ба сомонаи маҳаллии Е1.РУ яке аз шоҳидони ҳодиса.

Сухангӯи пулиси вилояти Свердловск Валерий Горелих ҳалокати ду нафарро тасдиқ кард ва гуфт, муфаттишон алакай шахсияти ҳардуро муайян кардаанд.

Соли таваллуди яке аз онҳо 1985 ва дуюмӣ зодаи соли 2002 мебошанд, — гуфтааст Валерий Горелих. Ӯ дар бораи шахсияти кушташудаҳо маълумоти дигар надодааст.

Вале Фаррух Мирзоев, раҳбари ҷамъияти тоҷикони минтақаи Урал ба Е1.РУ хабар дод, ки ҳарду кушташуда шаҳрвандони Тоҷикистонанд. Ба гуфтаи ӯ, онҳо дар як сохтмон кор мекарданд.  Фаррух Мирзоев гуфт, ҳарду тарафи муноқишаи шаби 12 июн муҳоҷирони тоҷик буда, ин муноқиша аз он сар задааст, ки як тоҷик аз як тоҷики дигар қарздор шудааст. Дар ин замина байни ҳарду муноқиша сар задааст ва он шаби наҳс ҳарду тараф бо одамҳои худ ба “разбор” омадаанд.

Инҷо ягон муноқишаи байни қавмҳо не, балки “разбори соф тоҷикӣ” буд. Омаданд, ки пули худро пас бигиранд. Аввалн баҳси лафзӣ кардаанд ва дар ниҳоят кор ба кордкашӣ расидааст ва ду нафар кушта шуданд. Аммо ягон пул қимати умри инсонро надорад. Мо бо мақомоти тафтишотӣ ҳамкорӣ дорем ва тамоми ёриро барои тафтиши ин қазия мерасонем. Мақомот хубу зуд кор карданд.  Бино ба маълумоти мо, гунаҳкоронро дар ҳудуди Қазоқистон дастгир карданд. Онҳо билофосила баъди он занозанӣ мехостанд фирор кунанд, — нақл кардааст Фаррух Мирзоев.

Раҳбари ҷамъияти тоҷикони Урал ҳамчунин хабар додааст, ки дар байни ҳамлагарон варзишгари шинохтаи ҷангҳои бидуни қоида (ММА) Сӯҳроб Давлатов ҳам буд. Давлатов, ки дар Екатеринбург машқу ҳунарнамоӣ мекард, бино ба иттилои нашрияи E1.RU, алакай боздошт шудааст.

Дар Кумитаи тафтишот хабари боздошти ин варзишгарро  тасдиқ ё рад накардаанд, вале гуфтаанд, тафтиши парвандаро раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин таҳти назорати худ гирифтааст. Бастрикин бо мавқеи ошкоро зидди муҳоҷирон ном баровардааст ва ҳатто барои қонуншиканиҳои хурду реза аз Русия рондани муҳоҷиронро талаб мекунад.

Мақомоти тафтишотӣ гуфтаанд, ду ҷабрдидаи дигар ҳоло дар бемористон қарор доранд.

— Дар робита ба ин ҳодиса аз ҷониби шуъбаи тафтишоти ноҳияи Ленини шаҳри Екатеринбург бо иттиҳоми куштори ду нафар парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст, — хабар додааст ёвари раиси раёсати тафтишоти вилояти Свердловск Максим Чалков.

Қисми дуюми моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия ҳамчун ҷазо барои куштори ду нафар аз 8 то 20 соли зиндон ё ҳабси умрбодро пешбинӣ мекунад.

Сӯҳроб Давлатов

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button