ОҒОЗИ МУРОФИАИ НАВ БА ЗИДДИ БУЗУРГМЕҲР ЁРОВ

Нимаи дуюми рӯзи 13 июни соли 2023 дар боздоштгоҳи №1 шаҳри Душанбе мурофиаи парвандаи нав ва инак, чорум ба зидди адвокати зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров оғоз ёфт. Муҳокимаи парвандаро додгоҳи шаҳри Ваҳдат бар уҳда дорад. Аз тарафи наздикони Бузургмеҳр Ёров ба хоҳараш  Хосият Ёрова иҷозат додаанд, ки дар мурофиа иштирок кунад. Хосият Ёрова дар ин парванда ҳамчун яке аз шоҳидони асосӣ низ мегузарад. Бузургмеҳр Ёров, ки алакай ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст, ҳоло бар асоси қисми чоруми моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба қаллобӣ, мушаххасан ба гӯё  талаб карда, гирифтани 42 ҳазору 500 сомонӣ аз як маҳбус бо номи Ҳасан Ҳасанов айбдор мешавад. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Парвандаи нав ба зидди Ёров бар асоси шикояти Ҳасан Ҳасанов ном даъвогарест, ки ҳамроҳи ин адвокати шинохта дар маҳбаси нав дар канори шаҳри Ваҳдат адои ҳукм мекард. Ӯ иддао дорад, ки гӯё Ёров ҳангоми дар маҳбас якҷоя қарор доштанашон “бо роҳи фиреб” ба боварии ӯ даромада, дар ивази мусоидати ҳуқуқӣ ба раҳоияш аз маҳбас 41 ҳазору 500 сомонӣ талаб кардааст. Ҳасанов иддао дорад, ки ин пулро ҳамсараш ба хешовандони Ёров додааст.

Ҷаамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров ва раҳбари “Бунёди Бузургмеҳр”, як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон, ки дар Полша (Лаҳистон) таъсис додааст, рӯзи 13 июн дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” иттиҳоми пул гирифтан аз Ҳасановро бофта ва туҳмат номид.

“Охир, Бузургмеҳр агар ин хел одами зӯру бонуфуз медошту касеро аз маҳбас бароварда метавонист, худашро мебаровард пеш аз ҳама.  Ҳатто худи Ҳасан Ҳасанов бо ирсоли як паём аз дохили маҳбас эътироф кардааст, ки ӯро бо фишор ба додани чунин баёнот ва даъвои сохта маҷбур кардаанд. Ин як интиқоми мақомот барои суханони Бузургмеҳр дар Рӯзи президент аст ва ҳам интиқом барои Музаффар Ҳакимов, ки муфаттиши парвандаи аввали ӯ буду  8 сол пеш дар асоси баёноти Бузургмеҳр барои “баромадан аз ҳадди ваколат” аз кор ронда ва ҳатто як муддат ҳабс ҳам шуд”, – мегӯяд Ҷамшед Ёров.

Ӯ меафзояд, ки тафтишот талабҳои Бузургмеҳр Ёров барои рӯбарӯ карданаш бо даъвогар ва шоҳидонеро, ки гӯё чӣ гуна аз ҳамсари Ҳасанов пул гирифтани хешу табори адвокати зиндониро дидаанд, рад кардааст. Дар ин парванда аз ӯ як адвокати аз тарафи давлат таъйиншуда ҳимоят мекард, ки касе аз хешу табор ягон бор ӯро надидааст. Ӯ ҳам қабл аз оғози мурофиа занг зада, ба наздикони Ёров хабар додааст, ки ӯ аз идомаи ҳимояи Бузургмеҳр даст мекашад.

“Ба ҷои вай гӯё кадом нафари дигарро адвокат таъйин кардаанд, вале ӯ ҳам ягон бор бо аҳли хонавода тамос нагирифтааст ва мо ҳатто номашро намедонем, ки кист? Бо Бузургмеҳр низ  то ҳол шартнома набастааст. Иттифоқан, хабари шурӯи додгоҳро ҳам мо ба ҳамин сабаб фаҳмидем, ки ҳатто додрас ин адвокатро пайдо карда натавониста, ба Хосият (хоҳари Бузургмеҳр Ёров) занг зада, хостааст, ки адвокатро гирифта, ба мурофиа биоранд”, – нақл кард Ҷамшед Ёров. Ӯ мегӯяд, талоши пайдо кардани адвокати мустақил барои бародараш бефоида аст, чунки “аз тарси аз даст додани кори худ ягон адвокат дар Тоҷикистон парвандаи Бузургмеҳрро ба уҳда намегирад”.

Бузургмеҳр Ёров 9 июли соли 1971 дар оилаи адиби шинохтаи тоҷик Равшани Ёрмуҳаммад ба дунё омада, риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Бузургмеҳр Ёров дар гузашта дар чандин парвандаи пурсарусадо, аз ҷумла ҳамчун вакили дифои саҳомдорони ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр” дар пайи маҳкум ба зиндон шудани раиси ин ширкат Ҷӯрабек Охунов, ва ҳамчун намояндаи хонаводаи Бурҳон Абдуллоев дар баҳсаш бо додарарӯси президент Муҳибулло Саъдуллоев бар асари бозори “Ином” дар маркази ноҳияи Шаҳритӯс ширкат кардааст.

Абрҳои сиёҳ болои сари Бузургмеҳр Ёров моҳи сентябри соли 2015 замоне ҷамъ шуд, ки ӯ ҳимояти роҳбарони боздоштшудаи ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)-ро ба ӯҳда гирифт. Дар поёни моҳи сентябри соли 2015 Бузургмеҳр Ёров боздошт ва тавассути чанд мурофиа дар умум ба 28 соли зиндон маҳкум шуд.

Бузургмеҳр Ёров парвандаҳояшро сирф сиёсӣ ва таъқиб барои иҷрои вазифаи касбиаш мешуморад. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар, аз ҷумла Ҳуман Райтс Вотч, Афви байналмилалӣ, Фридом Нав ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия низ Бузургмеҳр Ёровро маҳбуси сиёсӣ унвон  карда, чандин бор аз ҳукумати Тоҷикистон раҳоии бе қайду шарти ӯ ва дигар вакилони мудофеи зиндониро талаб кардаанд.

Созмони Милал низ соли 2018 ҳукми Ёровро беасос шуморида, аз ҳукумати Тоҷикистон озод кардани ӯро талаб карда буд. Аммо Душанбе ин талаби Созмони Милалро напазируфт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button