ДАР ТУРСУНЗОДА ХУСУР ДОМОДАШРО БО КЕДМАН (КАЛАНД) ЗАДА КУШТААСТ
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани боз як ҳодисаи куштори хешовандони наздик дар ҷараёни муноқишаи оилавӣ хабар дод.
Бино ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 51-солаи сокини шаҳри Турсунзода, санаи 10-уми июни соли 2023, тахминан соати 21:30, бино бар сабаби муноқишаи оилавӣ ба манзили истиқоматии падари ҳамсараш, марди 65-солаи сокини ҳамин шаҳр омадааст ва дар саҳни ҳавлӣ бо падарарӯсаш дарафтода, ӯро дашномҳои қабеҳ дода ва лату кӯб кардааст. Дар натиҷа, падари ҳамсараш ба ғазаб омада, бо кедман (каланд) 2-3 маротиба ба сари домодаш задааст. Домод бар асари ин зарбаҳои хусураш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
ВКД дар бораи сабаби муноқишаи оилавӣ дар Турсунзода, ки ба чунин оқибати хунин овард, ягон тафсилот надодааст. Аҳли ин хонавода, ки шоҳиди чунин моҷарои мудҳиш шуданд, барои шарҳи қазия ҳанӯз дастрас нестанд.
ВКД гуфт, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ба падарарӯси солхӯрда акнун барои куштани домодаш ҳамчун ҷазо то 15 соли зиндон таҳдид мекунад. Вале агар амали ӯ ҳамчун куштор бо бераҳмии махсус таъбир шавад, ин сокини Турсунзодаро метавонанд то 25 сол равонаи зиндон кунанд.
Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштор ё сӯиқасд ба куштори хешовандони наздик дар ҷараёни муноқишаҳои оилавӣ хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Вале дар бештари мавридҳо шавҳарон ва асосан дар заминаи рашк қасди ҷони ҳамсарони худ мекарданд. Ҳодиса қатли домод аз дасти падарарӯсаш дар Тоҷикистон хеле кам рӯй медиҳад.