ДАР ШАҲРИ ШЕРОЗИ ЭРОН ДАҲҲО МАҒОЗАИ МУҲОҶИРОНИ АФҒОНРО БАСТАНД

Шуморе аз муҳоҷирони афғон дар шаҳри Шероз ба расонаҳои форсизабон гуфтаанд, ки аз 10-уми июни соли 2023  маъмурони давлатии Ҷумҳурии исломии Эрон мағозаҳои мутааллиқ ба муҳоҷирони афғон ва ҳамчунин мағозаҳои эрониҳоеол, ки дар он муҳоҷирони афғон ҳамчун коргари кироя кор мекарданд, мӯҳр задаанд.

Дар амре, ки аз тарафи утоқи аснофи маркази вилояти Форс содир шудааст ва акси он дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, омадааст, ки “мағозаҳое, ки коргарони муҳоҷир доранд, аз таърихи 15-уми хурдод(баробар ба 5-уми июн) ба баъд бо муҷозоти сангин, аз ҷумла, ҷарима ва плумб(мӯҳр задан) рӯ ба рӯ хоҳанд шуд”.

Дар ин фармон мушаххас нашудааст, ки чаро ва дар кадом асос аз кор ва фаъолияти муҳоҷирон ҷилавгирӣ карда карда шавад. Ҳамчунин ишорае нашудааст, ки танҳо муҳоҷироне, ки ғайриқонунӣ ва бе ҳуҷҷат ҳастанд, иҷозаи корро надорад ва ё ҳамаи муҳоҷирон аз кор дар мағозаҳои худ ва ҳамчунин дар мағозаҳои шаҳрвандони Эрон маҳрум карда мешаванд?

Як муҳоҷири афғон ба расонаҳо гуфт, ки “дар устони Форс ба муҳоҷирон аслан иҷозаи кор намедиҳанд. Ҳатто касонеро, ки мадрак доранд, боздошт мекунанд ва барои чанд рӯз урдугоҳ мебаранд”.

Муҳоҷири дигаре, ки бо сабабҳои амниятӣ номи худро пинҳон кард, ба хабарнигорон гуфтааст, ки “бо вуҷуди он, ки мутаваллиди Эрон ҳастаму ва ҳудуди 40 сол боз сокини ин кишварам, аз вазъияти пешомада нигарон ҳастам, то шуғл ва даромадамро аз даст надиҳам”.

Дар гузориши видеоие, ки расонаҳои маҳаллӣ аз устони Форс нашр намудаанд, дида мешавад, ки як гурӯҳи масъулони ҳукуматӣ мағозаҳоеро, ки дар он муҳоҷирони афғон ба унвони ёрдамчӣ ва ё фурӯшанда кор мекунанд, дари онҳоро маҳкам намуда, мӯҳр мезананд.

Дар ин гузориш Маҳдӣ Деҳқон Халилӣ, мансабдори ҳукуматии ин вилояти Эрон алакай аз мӯҳр задани 25 мағоза хабар дода, таъкид мекунад, ки “ин мамнӯъият шомили тамоми атбоъ(муҳоҷирон), чӣ муҷоз (иҷозатномадор) ва чӣ ғайримуҷоз (беиҷозатнома) мешавад”.

Дар ҳамин ҳол, Носир Амонӣ, узви Шӯрои исломии шаҳри Теҳрон зимни боздид худ аз маҳалли Шуши Теҳрон гуфтааст, ки муҳоҷирони афғон омили вуруди анвои амроз ба Эрон ҳастанд“. Ҳамчунин ин мансабдори эронӣ муҳоҷирони афғонро сабаби боло рафтани нархи иҷораи манзилҳои истиқоматӣ дар ин минтақаи Теҳрон донистааст.

Бояд гуфт, ки ин аввалин иқдоми муҳоҷирситезонаи Ҷумҳурии исломӣ дар қиболи муҳоҷирони афғон нест. Дар гузашта низ мақомоти Эрон бо роҳҳои гуногун, ба мисли манъи дастрасӣ ба хадамоти бонкӣ, манъи иҷозаи хариди моликият, манъи фурӯши чиптаҳои метро, манъи ворид шудан ба маконҳои тафреҳӣ ва надодани иҷозаи кор ба муҳоҷирони афғон фишорҳои ҷисмониву равонӣ ворид мекарданд ва чанде пеш комиссияи мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони афғон дар Эрон изҳори нигаронӣ карда буд.

Бино ба бовари коршиносон, бо онки чандин даҳсола боз миллионҳо панроҳҷӯи афғон дар Эрон ҳузур доранд, маҳдудиятҳо барои инҳо ҳамвора вуҷуд дошта, рӯз ба рӯз афзоиш ёфта истодааст. Аз як тараф, сиёсатҳои муҳоҷирситезонаи давлат ва аз тарафи дигар, носозгориҳои сиёсии байни Эрон ва режимҳои ҳоким бар Афғонистон зиндагии бе ин ҳам талхи муҳоҷирони афғонро дар Эрон боз ҳам талхтар мекунад.

Манъи фаъолияти муҳоҷирони афғон дар Эрон замоне сурат мегирад, ки ахиран миёни Ҷумҳурии исломӣ ва ҳокимони кунунии Афғонистон аз гуруҳи тундрави “Толибон” бар сари тақсими оби обанбори Ҳилманд танишҳо ба миён омада, ба задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марз печид ва боиси кушта шудани чандин нафар аз ҳарду ҷониб шуд.

Бархе аз сиёсатмадорони эронӣ бар инанд, ки мақомоти Ҷумҳурии исломӣ бояд аз муҳоҷирони афғон ҳамчун фишанг барои фишор овардан ба гурӯҳи “Толибон”, ки ҳоло дар Афғонистон ҳукумати сиёсиро ба даст овардаанд, истифода баранд.

Намояндаи Зобул дар Маҷлиси шӯрои исломии Эрон пешниҳод намудааст, ки “Ҷумҳурии исломӣ бояд бо ихроҷи муҳоҷирони афғон фишорҳоро бар “Толибон” афзоиш диҳад, то заминаи таъмини ҳақобаи Эрон фароҳам шавад”.

Дар ҳамин ҳол, вазорати муҳоҷирати “Толибон” рӯзи 6-уми июн хабар дод, ки Эрон дар як рӯз  1809 муҳоҷири афғонро ихроҷ кардааст.

Хабаргузории ИРНА, як пойгоҳи хабарии давлатии Эрон ба нақл аз фармондеҳи марзбонии устони Хуросони Разавӣ навиштааст, ки “танҳо дар ду ҳафтаи ахир 18 ҳазору 943 муҳоҷири афғон аз хоки Эрон иҷборан хориҷ карда шуд”.

Дар Тоҷикистон як вақтҳо умедворие вуҷуд дошт, ки Эрон ба ҳайси як кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг дари бозори корашро ба рӯи муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон мекушояд

солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон баъзе аз тоҷикистониён бо он, ки мардуми Эрон фарҳангу забони якехла доранд ба Ҷумҳурии исломии Эрон паноҳ бурда буданд. Вале дар Эрон аксарияти онҳо бо дучор шудан ба мушкилоти мазҳабӣ, худро бегона ҳис намуда, дигар кишварҳо амни минтақаро авло дониста Эронро тарк намуданд.

Бо он ки мардуми Эрону Тоҷикистон забону фарҳанг ва расму русуми ба ҳам хеле наздик доранд, муҳоҷирони корӣ аз  Тоҷикистон барои муҳоҷирати корӣ ба Эрон тақрибан сафар намекунанд.

 меҳнатӣ, фаъолият ва таҳсил ба ин кишвар сафар намекунад. Дар Тоҷикистон як вақтҳо умеворие вуҷуд дошт, ки мақомоти Эрон рӯи хубе ба шаҳрвандони Тоҷикистон нишон дода, бозори кори кишварашонро ба рӯи муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон бикушояед. Дар ин сурат Эрон метавонист барои сокинони Тоҷикистон ҳамчун як кишвари амн ва ҳамзабон як алтернативаи билқувва дар муқобили бозори кори Русия гардад ва бори гарони уфтода ба дӯши муҳоҷирони тоҷикро сабуктар ва ақалан як қисми онҳоро аз азобу машаққати мардикорӣ дар Русия халос кунад. Вале ин умедвориҳо ҳама пӯч баромад ва Эрон дарашро ба рӯи муҳоҷирони тоҷик накушод.

Муҳоҷири афғони аз Эрон ихроҷшуда дар хатти марз

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Буру чулу -бирав чилав ,пеш даро ё худ ба забони точикиамон гуем аз пешам гум шав.Ин аст муносибати маъмулии ирониён ба кулли суннимазхабон агарчи хокашон аз хоки Бухорою Самарканд бошад хам.Бовар кунед бист сол пеш бо максади кор ёфтан дар Ирон се маротиба дар ин кишвар мусофир будам вале билкулл ноумед шудам.Новобаста аз мушкилоти гуногунаш Русия манбаи асосии зисту зиндагии точикон боки мемонад…

  2. Саломалейкум ака. Ячи масъалаҳои муҳимми рӯза менависи. Раҳмат. Ами норозигии мусалмонони Хитою Ҳабашистона хонда бисёр чизи нав фаҳмидм. Ин хабарт бошад шокм кард. Ҳамаш дурӯғай значит мусулмонию ҳамзабонию ҳамсоягӣ. Хонудум навиштата гирям омад😭😭😭

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button