ДАР ПЕТЕРБУРГ ЯК ТОҶИК КАССИРИ ТОҶИКИ СУПЕРМАРКЕТРО ПАРОНДААСТ

Расонаҳои маҳаллии шаҳри Санкт-Петербурги Русия хабар доданд, ки шаби 11 июни соли 2023 дар яке аз супермаркетҳо дар ноҳияи Калинини ин шаҳр яке аз харидорон ба ҷои ҳисобӣ кардан туфангчаро берун кашида, кассирро парондааст. Мутаассифона, ҳам тирандоз ва ҳам ҷабрдида ҳарду аз Тоҷикистон будаанд.

Бино ба иттилои нашрияи Фонтанка, дар бораи ин ҳамлаи мусаллаҳона ба супермаркети воқеъ дар кӯчаи Брянтсев, 11, шаби 11 июн, тақрибан соати 21 ба пулис ва “Ёрии таъҷилӣ” хабар додаанд. Дар суроғаи Брянтсев, 11 супермаркети шабакаи “Семигагофф” ҷойгир шуда, худи ин кӯча дар канораҳои шимолушарқии Петербург аст.

Кормандони пулис дар ҷои ҳодиса муайян кардаанд, ки дар касса шаби 11 июн шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистон кор мекард ва ӯ ҳадафи ҳамлаи харидори ношинос қарор гирифтааст.

Бино ба маълумоти муқаддамотӣ, байни кассир ва як харидор ҳангоми ҳисобӣ кардан баҳс бархостааст ва харидор ба ҷои пули харидашро додан аз ҷайбаш туфангча (пистолет)-ро бароварда, ба рӯи кассир тир холӣ кардааст.

Ҷабрдидаро бо захми боз дар рухсорааш ба бемористон фиристодаанд. Баъди расондани кумаки лозими тиббӣ, табибони вазъи ӯро муътадил арзёбӣ карда, кассирро барои идомаи табобат ба хонааш фиристодаанд. Ӯ табобаташро дар шароити амбулаторӣ идома хоҳад дод.

Ба пулис муяссар шудааст, ки алакай баъди се соат нафари гумонбар дар ҳамла ба кассири супермаркетро дар ҳамон кӯчаи Брянтсев дастгир кунад. Маълум мешавад, ки ӯ 23 сол дошта, низ зодаи Тоҷикистон, яъне ҳамватани кассир будааст. Вале ба фарқ аз ҷабрдида, ки тамоми асноди будубошу кораш дар Русия қонунӣ буд, тирандоз бо қонунҳои муҳоҷирати Русия низ мушкил доштааст.

Ӯро ба шуъбаи пулис оварда, дар ҳоли ҳозир нисбат ба вай бо иттиҳоми майдаавбошӣ протокол тартиб додаанд. Дар айни замон, масъалаи ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ ба зидди ин ҷавони тоҷик низ дар дасти баррасӣ қарор доштааст. Дар пулис гуфтаанд, ки дар ҳар сурат, дар пайи ин амали ахираш ин ҷавони тоҷик ҳадди ақал ҷарима ва аз Русия ихроҷ хоҳад шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button