ҲАЛОКАТИ ЗАНИ МУСОФИР БАР АСАРИ БАРХӮРДИ “МЕРСЕДЕС” БО МОШИНИ БОРКАШ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон  боз аз як садамаи марговар дар роҳҳои ҷумҳурӣ хабар дод.

Нимаи дуюми рӯзи 7-уми июни соли 2023, тахминан соати 15:30, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес Бенс», Нарзуллоев Шукрулло Фатҳуллоевич, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд”, дар ҳудуди мавзеи Зимарғи ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба мошини боркаши тамғаи «ДАФ», таҳти идораи ронанда, Каримов Ҷамшед Сабзаалиевич, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Кӯлоб, бархӯрдааст. Дар натиҷа, мусофири автомашинаи «Мерседес Бенс», Эргашева Санавбар Тӯравоҳидовна, соли таваллудаш 1973, сокини шаҳри Турсунзода, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофири дигари “Мерседес”, Давлатов Зубайдулло Умарбекович, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Данғара, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ҳодисаи мазкур санҷиш идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Танҳо дар моҳи майи соли ҷорӣ, бино ба ҳисобҳо, бар асари садамаҳо дар рорҳои ҷумҳурӣ то 40 нафар ба ҳалокат расидаанд. Бино ба омори ВКД, соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button