ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

“ОБЛАВА” ТАМОМ ШУД. ХИДМАТГУРЕЗҲОРО РӮЙХАТ МЕКУНАНД ВА БА ҶАВОБГАРӢ МЕКАШАНД

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 2 июни соли 2023 аз анҷоми даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1996-2005 хабар дод ва гуфт, даъвати баҳорӣ ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз 1 апрел то 31 май идома ёфт ва инак ба анҷом расид.

Маркази матбуоти вазорати мудофиа гуфт, масъулини комиссияҳои даъватии вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои ҳудуди минтақаи Рашт  алакай дар рӯзи нахустини даъвати баҳорӣ ва 4 ноҳияи пойтахт, шаҳри Душанбе то охири моҳи апрел нақшаи пешбинишударо 100 фоиз иҷро карда, то 31-уми майи соли 2023 вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ аз иҷро шудани нақшаи худ гузориш доданд.

Вазорати мудофиа дар иттилоияаш аз зиёд шудани шумори ”ҷавонписарони матиниродаву ватандӯст”, ки баробари гирифтани аввалин даъватномаи комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо, ихтиёран ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир мешаванд, ситоиш кардаааст. Вале, меафзояд вазорати мудофиа, “бо вуҷуди пешравиҳои назаррас дар ин самт, буданд шаҳрвандоне, ки баъди гирифтани даъватномаи комиссариатҳои ҳарбӣ бе сабабҳои узрнок ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир нашуданд, ки айни ҳол рӯйхати онҳо тартиб дода шуда, ба мақомоти дахлдор ирсол карда шудааст ва нисбат ба чунин ҷавонписарон чораҳои қонунӣ андешида мешаванд”.

Қонунгузории Тоҷикистон барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ ҷавобгарии ҷиноӣ ва ҳатто то чандин сол ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ҳар сол дар Тоҷикистон даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим ҷараён мегирад. Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Артиши миллӣ аз якуми апрел оғоз гардида, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад. 

Ҳар мавсими даъват ба артиш дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо шикоятҳо аз “облава” ё “иҳотагирӣ” ҷараён мегирад.  “Облава” як шеваи аслан ғайриқонуниест, ки кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҷавонони синну соли даъватиро дар кӯчаю бозорҳо дастгир карда, ба хидмат мефиристанд. Дар бисёр маврид хешу табори ҷавонони “облава”-шуда танҳо баъди чанд рӯз хабар меёбанд, ки наздикони гумшудаашонро ба артиш бурдаанд.

Ҳамин тавр, мақомот гоҳо волидони ҷавонони даъватшавандаеро, ки дар мардикорӣ дар Русияанд, “гаравгон” мегиранд ва танҳо баъди бозгашти фарзандашон ҷавоб медиҳанд.

Дар ҷомиа чунин шеваҳои маҷбуран ба саффи артиш бурдани ҷавононро маҳкум мекунанд ва мегӯянд, мақомоти ҳарбӣ бояд шароитро дар артиш хубтар кунанд, то ки волидон бо дили пур фарзандонашонро ба хидмат равон кунанд ва ҷавонон низ аз хидмати ҳарбӣ нагурезанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button