ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

БОЗДОШТИ ҶАВОНИ 27-СОЛА БАРОИ ДУЗДӢ АЗ ДОРУХОНА

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе 30 майи соли 2023 аз боздошти ҷавоне хабар дод, ки видеои лаҳзаи дуздиаш аз дорухона қаблан дар Интернет нашр шуда буд.

Бино ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино шаҳрванд Назаров Умедҷон Қиёмуддинович, санаи таваллудаш 27.11.1996, истиқоматкунандаи н.Вахш, деҳаи Нуробод, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. Қобили зикр аст, ки навори лаҳзаи ҷинояти дуздии номбурда дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нашр гардида, вокунишҳои манфии шаҳрвандонро ба миён оварда буд.

Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда санаи 26-уми майи соли ҷорӣ, тақрибан соати 05:26 дақиқа, ба дорухона воқеъ дар ноҳияи Сино, кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ ворид гардида, аз хоб будани фурӯшанда истифода намуда, аз он ҷо як адад планшети тамғаи «Айпад про»-ро тасарруф ва аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст.

Номбурда бо содир намудани ин амали ҷиноятии худ ба ҷабрдида, ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Душанбе ба маблағи 15-ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.

Баъди боздошташ аз гумонбаршаванда Назаров Умедҷон планшети рабудашуда ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шудааст.

Милитсия гуфт, айни замон нисбати гумонбаршаванда Назаров Умедҷон бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ маводи зарурӣ тартиб дода шуда, барои оғози парвандаи ҷиноятӣ ва ошкор намудани дигар ҳолатҳои эҳтимолии дар чунин ҷиноятҳо даст доштани номбуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Худи Умедҷон Назаров барои шарҳи қазия дастрас нест.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button