ВидеоФарҳанг

ПАРДАБАРДОРӢ АЗ НИМПАЙКАРДАИ УСТОДИ ҲАҶВ ҚИЁМИДДИН ЧАҚАЛЗОДА ДАР ФАЙЗОБОД

Рӯзи 6 майи соли 2023 дар саҳнаи мактаби №35 ноҳияи Файзобод маросими рӯнамоии нимпайкараи Қиёмиддин Чақалов (Чақалзода), Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, ҳунарпешаи маъруфи театр ва синамои тоҷик, баргузор гардид. Ҳамзамон дар ин мактаб, ки як сол қабл ба номи ин устоди шинохтаи ҳаҷви тоҷик гузошта шуд, осорхонаи ӯ низ боз шуд.

Дар осорхона аксҳо, либосҳои саҳнавӣ ва китобҳои ба Қиёмиддин Чақалов ва эҷодиёти ӯ бахшидашуда ҷамъ оварда шудаанд. Қиёмиддин Чақалзода 14 апрели соли 2021, дар синни 76 аз олам чашм пӯшид. Аз ӯ 10 фарзанд ва даҳҳо нақши мондагор ба ёдгор монд.

Қиёмиддин Чақалзода 28 апрели соли 1945 дар деҳаи Хуванди ноҳияи Файзобод ба дунё омада, соли 1975 риштаи актёри драма ва кинои Донишкадаи санъати Тоҷикистонро хатм кард ва қариб ним аср дар Театри Лоҳутӣ нақш офаридааст.

Қиёмиддин Чақалзода аз хурдсолӣ, ҳангоме ки дар синфи 4-уми мактаби миёнаи № 1-и ноҳияи Файзобод таҳсил мекард, узви маҳфили дастаи ҳаваскорони мактаб буд. Суруд мехонду саҳначаҳои ҳаҷвиро бо як маҳорати баланд иҷро мекард. Истеъдоди ӯро дида, ҳангоми дар синфи 6-ум таҳсил карданаш роҳбари бадеии Хонаи маданияти ноҳия Ҷӯрабек Шарифов ӯро ба театри ноҳиявӣ даъват кард. Ҷӯрабек Шарифов, ки худ ғижакнавози беҳамто буд, устоди аввалини Қиёмиддин дар санъат шуд. Ӯ ҳаррӯз пас аз дарс бо ӯ соатҳо машқ мекард. Ҳамин буд, ки Қиёмиддин дар як муддати кутоҳ дар қатори ҳунармандони Хонаи маданият дар назди ҳаводорони шеъру суруд бо ровигӣ ва сурудхонӣ ва иҷрои саҳначаҳои ҳаҷвӣ машғул шуд.

Қиёмиддин Чақалзода пас аз хатми мактаби миёна боз ду сол дар Хонаи маданияти ноҳияи Файзобод фаъолият кард. Соли 1964 ӯро барои хидмат ба саффи Кувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ гирифтанд. Ӯ хидматро дар ҷумҳуриҳои Туркманистон ва Қазоқистон адо карда, соли 1967 ба ватан баргашт. Фаъолияташро дар театри ноҳияи Файзобод давом дода, соли 1971 ба факултети актёри драма ва кинои Донишкадаи санъати Тоҷикистон шомил шуд ва соли 1975 баъди хатми ин донишкада ба Театри Лоҳутӣ  роҳҳат  гирифт.Аз соли 1975 то поёни умр, қариб 46 сол (!!!) ҳунарпешаи театри Лоҳутӣ буд.

Дар ин муддат дар саҳнаи театри ба номи А. Лоҳутӣ бисёр нақшҳои ҷолиб ва хотирмон офаридааст. Куряткин («Ҷарроҳӣ»-и А. Чехов), Зайн ибни Умайдо («Ишқи араб»-и П. Мериме), Шарифов («Интихоби домод»-и Ҳ. Содиқ), Кӯзагар («Роҳзан ва кӯзагар»-и М. Бахтӣ), Сухсуров («Садо аз тобут»-и А. Қаҳҳор), Гумоштаи сиёсӣ («Алломаи Адҳам»-и С. Улуғзода), Шайх Низомиддин («Зебуниссо»-и Ш. Қиёмов ва М. Шералӣ), Оқсақол («Дохунда»-и Ҷ. Икромӣ), Қарабой («Гилеми кабуд»-и Т. Аҳмадхонов), Ашӯр («Хонашерони майдонғариб»-и Ш. Қиёмов), Халил-афандӣ («Айнӣ»-и Ғ. Абдулло), Гӯрков («Гамлет»-и В. Шекспир), Атаман Дор («Кӯзаи гӯё»-и А. Абӯбакр), Искандар Маҳкамов («Кӯпрук»-и Ф. Ниёзӣ), Мишка Земсов («Бозиҳои бераҳмона»-и А. Арбузов), Азизулло («Фарзанди Осиё»-и Р. Қудратов), Маҳкам («Исёни арӯсон»-и А. Аҳмад), Суламӣ («Рудакӣ»-и С. Улуғзода), Ширинкор («Шоҳ Лир»-и В. Шекспир), Генерал («Бо имзои Ленин»-и А. Атобоев), Туманчиков («Авлиё ва осӣ»-и М. Варфоломиев), Тешабой («Лайлатулқадр»-и Ю. Акобиров), Раҳимов («Дар чорсӯ»-и Н. Табаров), Сатторов («Ҳақиқати талх»-и С. Сафаров), Шер («Заргӯши доно»-и Ш. Қиёмов), ӯрмонқамиш («Мардҳо намегирянд»-и Ҷ. Қуддус), Қосид («Эдип»-и Софокл), Ҳасанлӣ (Қиёми Лоҳутӣ”-и А. Атобоев), Қаровул («Худкардаро даво нест»-и М. Холов), Шодиқулов («Ҷияни хира»-и Ш Солеҳ), Лақай («Парвози Сабзабаноз»-и М. Муҳаммадиев), Саргурба («Қиссаи аҷибу ғариб»-и Т. Аҳмадхонов), Аброр («Афсонаҳои мӯйсафед»-и Н. Абдуллоев), М. Қосимов («Драмаи миллат»-и С. Аюбӣ), Муҳаммади Башоро (« Шоҳ Исмоил»-и М. Бахтӣ), Олим («Мусофир»-и Н. Абдуллоев), Даврон («Сӯробҳо»-и Н. Табаров), Ҳумон ва Ҳаҷир («Зуҳури навини Сӯҳроб»-и Ф. Умаров), Мудир Қайсар («Тахти султон Маҳмуд»-и Ш. Солеҳ), Эрбуқохон («Темурмалик»-и М. Бахтӣ), Угаров («Бист дақиқа бо фаришта»-и А. Вампилов), Холмат («Бой ва Хизматгор»-и Ҳ. Ниёзӣ).

Қиёмиддин Чақалзода дар филмҳо низ нақш офаридааст: Сияҳсавор («Ашк ва шамшер»), қассоб («Ҷазира»), муаллим («Муҷассама и ишқ»-и У. Мирзоширинов, соли 2003), директории совхоз («Сароби хунин»).

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button