ВидеоҶомеа

ЧАРО МАРО ШАРМАНДА КАРДӢ? ТАФСИЛОТИ КУШТОРИ ҲАМСАРИ ҶАВОН АЗ СӮИ ШАВҲАРИ БАДРАШК ДАР МЕҲРОБОД (ВИДЕО)

Шоҳҷаҳон Фаттоев, сокини 28-солаи ҷамоати Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расулов ба куштори ҳамсари 23-солааш Дадабоева Гулчирой бо бераҳмии махсус айбдор мешавад.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД вилояти Суғд рӯзи 7 майи соли 2023 дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Милитсия хабар медиҳад”, гуфт, ин ҳодиса соати дувоздаҳи шаби 26 апрели соли 2023 дар заминаи рашку бадгумонӣ рух додааст. Ин дар ҳолест, ки Шоҳҷаҳон Гулчиройро дӯст дошта гирифта буд, вале бадрашкӣ сабаби вайрон шудани муҳаббати байни онҳо гардид.

Худи Шоҳҷаҳон Фаттоев дар ин гузориш нақл мекунад, ки “ба ҳамсарам гуфтам, ки чаро ин корро кардӣ ва маро дар байни мардум сарпаст кардӣ? Вай хандиду маро мазоқ кардан гирифт…”

Ба чӣ кӯтоҳие роҳ додани ҳамсари ин марди бадрашк маълум нест, вале ВКД қаблан гуфта буд, ки Фаттоев дар дохили ҳуҷра бо телефон гап задани ҳамсарашро дида, ба ғазаб омадааст.

Бино ба гузориши Акбар Шарифӣ, Фаттоев ва ҳамсараш ҳамон шаби наҳси 26 апрел баъди чанд муддати номуросоӣ дар ҳавлии холаи Гулчирой дар кӯчаи Боҳирови шаҳраки Меҳробод, маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов вохӯрдаанд.

Аммо кӯшиши ба ифоқа овардани ин ҷуфти ҷавон натиҷа надод: Баҳси лафзии байни онҳо ба муноқиша печид ва Шоҳҷаҳон Фаттоев бо корд ба аъзои ҳаётан муҳими бадани Гулчирой Дадабоева 6 зарба зада, гулӯи ӯро бо корд буридааст.

Шӯҳрат Расулзода, муфаттиши додситонии ноҳияи Ҷаббор Расулов гуфт, ин муноқишаи хунин дар дохили хона рух дода, бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш ҷавонзан дар ҳамон ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Кормандони милитсия Шоҳҷаҳон Фаттоевро ҳамон шаб дар ҷои ҳодиса дастгир кардаанд. Нисбат ба ӯ бар асоси моддаи 104 бо иттиҳоми одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Ба ин ҷавони бадрашк акнун ҳамчун ҷазо то 25 соли зиндон ё ҳабси умрбод таҳдид мекунад.

Тафсилоти дигари ҳодиса ҳанӯз дастрас нест.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштор ва қасди куштори хешовандони наздик, аз ҷумла ҳамсарон аз дасти шавҳаронашон хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Куштор ё қасди куштори ҳамсарон аз дасти шавҳарон, тавре аз натиҷаҳои тафтишот бармеояд, асосан дар заминаи рашк сурат мегиранд.

Аз ҷумла бино гузориши қаблии ВКД, шаби 9-уми феврали соли 2023, тахминан соати 23:30, ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Истаравшан ба ҳавлии истиқоматии волидайни ҳамсараш, ҷавонзани 19-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ҳиссиёти рашк бо корд 3-4 маротиба ба аъзои бадани ӯ ва 1 маротиба ба бадани додарарӯси хурдсолаш задааст. Кӯдаки бечора, ки ҳамагӣ 8 сол дошт, аз қазо ҳамон шаб дар паҳлӯи апааш хоб рафтааст. Дар натиҷаи ҳамла ҳарду ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.

Ҳамин тавр, тахминан соати сеюними шаби 6-уми феврали соли 2023, як  марди 53-солаи сокини шаҳри Панҷакент дар хонаи истиқоматиаш аз ҳиссиёти рашк ва бадбинӣ ҳамсари 53-солаашро бо дастонаш бӯғӣ карда, ӯро ба ҳалокат расонидааст. Маълум нест, ки  мояи он “ҳиссиёти рашк ва бадбинӣ” чӣ  буда ва дар он поси шаб байни зану шавҳар чӣ муноқишае бархостааст, ки ба чунин фарҷоми маргбор овардааст?
ВКД танҳо гуфт, ки нисбат ба гумонбаршаванда бар асоси қисми якуми моддаи 104  1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ҳамчунин кормандони милитсия як сокини 35-солаи ноҳияи Данғараро бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карданд. Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки ин сокини Данғара рӯзи  31-уми январи соли 2022, тахминан соатҳои 12:00, аз бозори “Ганҷина”-и шаҳри Душанбе як корд харида, ба ноҳияи Данғара рафтааст. Тахминан соати 18:00 ӯ ба ноҳияи Данғара расида, дар як нуқтаи фурӯши машрубот 200 грамм нӯшокии коняк нӯшида, сипас дар ҳолати мастӣ ба хонаи волидайни ҳамсараш, зани 30-солаи ноҳияи мазкур рафтааст ва  бо сабаби муноқишаҳои оилавӣ, бо корди бо худ овардааш 11 маротиба ба узвҳои бадани ҳамсараш задааст. Да натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button