ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

2 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ДУ КУШТА ВА ЧОР ЗАХМӢ ДАР ЯК САДАМАИ МУДҲИШ ДАР МАРКАЗИ ДУШАНБЕ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки шаби 22 апрели соли 2023, тахминан соати 21:10, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота Кемрӣ”, рақамҳои қайди давлатиаш 00 05 SK 01, Тӯраев Абӯбакр Ҳасанович, санаи таваллудаш 12.11.2003, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Шероз ба самти кӯчаи Сомонӣ, дар рӯ ба рӯи варзишгоҳи марказӣ ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел- Вектра”, рақамҳои қайди давлатиаш 39 40 МО 01, таҳти идораи Шарифзода Парвиз Асрор, санаи таваллудаш 27.07.1993, ки бо роҳи худ ҳаракат дошт, бархӯрдааст.

Дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ ду нафар ба ҳалокат расида, чор нафари дигар бо бардоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.

Бино ба иттилои милитсия, вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе маводи зарурӣ тартиб дода шуда, тафтишот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button