ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲодиса

РОНАНДА Ё ХОНАНДАИ СИНФИ 9? БОЗДОШТИ ЯК НОБОЛИҒ БО МОШИНИ “ХОНДА” (АКС)

Раёсати корҳои дохилии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 18 апрели соли 2023 хабар дод, ки кормандони БДА дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон як мошини тамғаи “Хонда”, рақами қайди давлатиаш 7211СР01-ро барои санҷиш манъ кардаанд. Зимни санҷиш муайян гардидааст, ки мошинро ноболиғи 15-сола, хонандаи синфи 9-и яке аз мактабҳои ноҳия, ки ҳуқуқи идораи воситаи нақлиётро надорад, ба таври ғайриқонунӣ идораи менамудааст.

“Тавре муайян гардид, мошини мазкур ба амаки ноболиғ – Навбаҳоров Абдуназар Соибназарович санаи таваллудаш 1964, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯшон, деҳаи Ҷангал тааллуқ дошта, номбурда дидаю дониста, ки ноболиғ шаҳодатномаи ронандагӣ надорад, мошинро барои идора намудан ба ӯҳдаи ҷияни ноболиғаш вогузор намудааст”, – гуфта мешавад  дар иттилиояи милитсияи Бадахшон.

Дар натиҷа нисбат ба ронандаи ноболиғ тибқи талаботи моддаи 336, қисми 1 ва нисбат ба соҳиби воситаи нақлиёт шаҳрванд Навбаҳоров Абдуназар бар асоси моддаи 336, қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол карда шуд.

РВКД Бадахшон гуфт, идора намудани мошин аз ҷониби ноболиғон паёмади нохуб дошта, пеш аз ҳама ба ҷони худу дигар иштирокчиёни ҳаракати роҳ хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад. Милитсия аз ҷумла ёдовар шудааст, ки чанде пеш як ноболиғи 16-солаи сокини деҳаи Муни ҷамоати Навободи ноҳияи Шуғнон, ки мошини падараш тамғаи “Тойота-Королла”-ро ғайриқонунӣ идора менамуд, зимни ҳаракат аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, ба нишебии 91 метр сарозер гардид. Дар натиҷа як мусофири ин мошин – навраси 17-сола ба ҳалокат расида, 5 ноболиғи дигар ҷароҳатҳои гуногун дар намуди шикастани миён ва дигар аъзои бадан бардоштанд.

Бо назардошти ин РВКД Бадахшон аз кулли ронандагон ва соҳибони воситаҳои нақлиёт хостааст, ки мошинҳои худро барои идора намудани ба ихтиёри ноболиғон вогузор нанамоянд, зеро  ин амал оқибати фоҷиабор дошта, ҳаёти ширини хешро зери хатар мегузоранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button