ВидеоСиёсатТоҷикистон

НОМ БА НОМ: 2 ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ЖКХ ВА 22 ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР РОҲБАРИИ ВКД

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17 апрели соли 2023 дар Қасри миллат бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои раҳбарӣ дар сохторҳои вазорати корҳои дохилӣ ва корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” таъин гардиданд, мулоқот карда, ба онҳо гуфтааст, кадрҳои ҷавон вобаста ба таҳдиду хатар ва ҷиноятҳои замони муосир бояд пайваста омӯзанд ва бо истифода аз технологияи муосир сатҳи донишҳои тахассусии худро боз ҳам баланд бардоранд.

“Поквиҷдонона, содиқона ва бо масъулияти баланд манфиатҳои миллату давлатро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузошта, бо дасту дили пок ба нафъи давлату миллат хизмат намоед!” – таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон ба ин кадрҳои навтаъйин.

Хадамоти матбуоти президент гуфт, ба мақомҳои раҳбарии ЖКХ “кадрҳои ҷавону корозмуда” ва ба мақомҳои раҳбарӣ дар ВКД “кадрҳои соҳибтаҷрибаву тахассусманд” таъйин шудаанд.

Аз ҷумла бо қарорҳои ҳукумат, Ғаффорзода Ҷурахон Маҳмад ва Ҷабборзода Хуршед Бӯрӣ “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаҳои муовини якум ва муовини мудири кулли корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» озод карда шуда, Достизода Абдулазиз Абдурашид муовини якум ва Расулзода Раҷабалӣ Абдусаид муовини мудири кулли ин корхонаи давлатӣ таъйин карда шудаанд.

Ҳамчунин, маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки дар мувофиқа бо президент сардорони шуъбаҳои милитсия дар 22 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ иваз карда шуданд. Маркази матбуоти ВКД ин тағйироти кадрии суратгирифтаро ном ба ном нашр кардааст:

– генерал-майори милитсия Давлатзода Раҳмон Қобил ба вазифаи сардори ШВКД дар шаҳри Ҳисор;
– полковники милитсия Салимбойзода Довар Салимбой ба вазифаи сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– полковники милитсия Абдураҳмонзода Фатҳулло Абдулло ба вазифаи сардори Қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб;
– полковники милитсия Абдуқодирзода Ҷафар Комил ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Турсунзода;
– полковники милитсия Алихон Рустам ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон;
– полковники милитсия Ҷалилзода Эмин Карим ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
– полковники милитсия Зубайдзода Хайрулло Маҳмуд ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон;
– полковники милитсия Маҳмадризо Ҷамшед Маҳмадулло ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд;
– полковники милитсия Зубайрзода Ҷамшед Абдулло ба вазифаи сардори Шуъбаи №2 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд;
– полковники милитсия Шарифзода Баҳром Раҳмоналӣ ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе;
– полковники милитсия Каримзода Абдураҳмон Ҳаким ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон;
– полковники милитсия Тағойзода Сафарали Хол ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон;
– полковники милитсия Назарзода Ҷумахон Маҳмадрасул ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон;
– полковники милитсия Шарифзода Хушвахт Саид ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон;
– полковники милитсия Исмоилзода Зафар Исмоил ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон;
– полковники милитсия Насуриён Пулод Асадулло ба вазифаи сардори Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон;
– подполковники милитсия Абдулмаҷидзода Рустам Абдулмаҷид ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон;
– подполковники милитсия Ибодзода Шодихон Ибод ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Лахши Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт;
– подполковники милитсия Амридинзода Ҷумахон Амридин ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон;
– подполковники милитсия Одиназода Шоди Лоҳутшо ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд;
– подполковники милитсия Ҷумъазода Ҷонибек ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд;
– капитани милитсия Умарзод Муҳаммад Мирзоҳайдар ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button