ВидеоДин ва боварҳо

ЧАРО МОҲИ РАМАЗОН ИМСОЛ 29 РӮЗ ШУД? ШАРҲИ РАЁСАТИ ФАТВО

Раёсати фатвои Маркази исломӣ (собиқ муфтиёт)-и Тоҷикистон дар як матлаби муфассал, ки маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”, нашрияи расмии Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимҳои Тоҷикистон рӯзи 18 апрели соли 2023 дар саҳифааш дар Фейсбук нашр кард, бо овардани чанд далелу ривоят сабабҳои 29 рӯз омадани моҳи Рамазони имсоларо шарҳ дод.

Рӯзи 18 апрел Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон қарор кард, ки иди Фитр дар Тоҷикистон мисли аксари кишварҳои дигари мусалмоннишин рӯзи ҷумъаи 21 апрел таҷлил шавад. Дар тақвими аввалаи Шӯрои уламо 22 апрел ҳамчун рӯзи ид нишон дода шуда буд.

Дар шарҳи раёсати фатво аз ҷумла  бо истинод ба “Расоили Ибни Обидин” гуфта мешавад, ки “қавли муътамад ва роҷеҳ дар мазҳаби ҳанафӣ ин аст, ки тафовути матлаъҳо эътибор надорад, пас вақте ки руъяти моҳ дар кишваре собит гардад, бар ҳамаи мусулмонон амал ба он воҷиб мегардад, аз ин рӯ, тибқи зоҳири мазҳаб бо дидани сокинони мағрибзамин рӯза гирифтан ба сокинони машриқзамин лозим мегардад». Расоили Ибни Обидин», ҷ. 1, с. 229-229).

Моҳи қамарӣ, меафзояд раёсати фатво, 29 рӯз ё 30 рӯз мешавад, зеро дар ҳадис омадааст: «Мо уммати уммӣ ҳастем, навиштану ҳисоб карданро намедонем, моҳ гоҳе ин қадар ва гоҳе ин қадар мешавад, яъне гоҳе 29 рӯз ва гоҳе 30 рӯз мешавад» (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ривоят аст, ки фармуд: «Чанд соле, ки ҳамроҳи Пайғамбар (с) рӯза доштем, рӯзаи 29-рӯзаамон аз рӯзаи 30 рӯзаамон бештар буд» (Ривояти Абӯдовуд).

Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) боз ривоят аст, ки фармуд: «Чанд боре, ки ҳамроҳи Пайғамбар (с) рӯза дошта будам, аксараш 29-рӯзӣ буд». Дар ин боб аз Умар (р), Абуҳурайра (р), Оиша (р), Саъд иби Абуваққос (р) , Ибни Аббос (р), Ибни Умар (р), Анас (р), Умми Салама (р) ва Абубакра (р) низ ривоят шудааст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Моҳ гоҳе 29 рӯз мешавад» (Ривояти Тирмизӣ).

Раёсати фатво ҳамчунин аз китоби “Мавсуъаи фиқҳӣ” чунин нақли қавл кардааст: Вақте ки руъяти моҳ аз назари ниҳоди муътамад собит гардад, огоҳ кардани мардум барои шуруъ намудани рӯзаи Рамазон ё рӯзи ид ва баргузор кардани намози иди Фитр ва ё намози иди Қурбон ва забҳи қурбонӣ воҷиб мешавад”.Мавсуъаи фиқҳӣ»).

Аз Абдурраҳмон ибни Абубакра аз падараш ривоят шудааст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Ду моҳи ид, яъне моҳи Рамазон ва моҳи Зулҳиҷҷа кам намешаванд». Хаттобӣ мегӯяд: Уламо дар таъвили ин ҳадис назарҳои мухталиф баён кардаанд. Баъзе гуфтаанд, ки агарчи ин ду моҳ аз рӯи ҳисоб кам ҳам шаванд, аз рӯи ҳукм кам намешаванд. Баъзе гуфтаанд: Маънои ҳадис ин аст, ки ин ду моҳ дар аҷру савоб кам намешаванд ва агар Рамазон 29 рӯз ҳам шавад, дар аҷру подош комил аст.

Таҳовӣ мегӯяд: «Ман воқеъан мушоҳида кардам, ки моҳи Рамазон ва ҳамчунин моҳи Зулҳиҷҷа 29 рӯз шудааст». Исҳоқ ва Бухорӣ мегӯянд: «Дар ҳақиқат ду моҳи ид дар аҷру подош кам намешаванд, агарчи яке ё ҳар ду 29 рӯз ҳам шаванд» («Аларфушшазӣ», шарҳи «Сунан»-и Тирмизӣ).

Аз Абубакра (р) ривоят шуда, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Ду моҳи ид (яъне моҳи Рамазон ва моҳи Зулҳиҷҷа) кам намешаванд (яъне ғолибан аз 30 рӯз кам намешаванд ё ин ки аз рӯи савоб кам намешаванд, агарчи аз рӯи шумор кам шаванд ва ё ин ки дар як сол якҷоя кам намешаванд, мурод ин нест, ки ин ду моҳ ҳиссан кам намешаванд, зеро дар ҳадиси саҳеҳ аз гурӯҳе аз саҳобагон ривоят шудааст, ки гуфтаанд: «Он чи бо Пайғамбар (с) 29 рӯз рӯза доштем, бештар аз он аст, ки бо ӯ 30 рӯз рӯза доштаем». Аз ҳамин сабаб аст, ки бархе ҳофизони ҳадис фармудаанд: «Расули Худо (с) нуҳ Рамазон рӯза дошта буданд ва аз ин миқдор фақат ду Рамазонро 30 рӯзӣ рӯза гирифтаанд, чунонки дар шарҳи Ибни Ҳаҷар зикр шудааст» («Мирқотулмафотеҳ», шарҳи «Мишкотулмасобеҳ»).

Раёсати фатво гуфт, тибқи қарори Шӯрои уламо имсол моҳи шарифи Рамазон дар қаламрави кишвар 29 рӯзро дар бар мегирад, ки ба феъли Расули акрам (с) ва саҳобагони гиромии ӯ мувофиқ мебошад, зеро он Ҳазрат (с) дар умри азизи худ моҳи Рамазонро бештар 29-рӯзӣ рӯза доштаанд. Чунонки худи Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) фармудааст, чанд соле ҳамроҳи Пайғамбар (с) рӯза доштем, рӯзаи 29-рӯзаамон аз рӯзаи 30 рӯзаамон бештар буд.

Раёсати фатво гуфт, “агарчӣ имсол моҳи Рамазон 29 рӯз ҳам бошад, ҳеҷ ҷои нигаронӣ надорад ва ҳамагон бояд донанд, ки аҷру савоби он комил аст ва аз ибодати рӯзадорон чизе кам нахоҳад шуд. Вақте ки худи он Ҳазрат (с) 29 рӯз рӯза дошта бошанд, пас 29 рӯз шудани моҳи муборак мувофиқ ба суннати Расули акрам (с) аст”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button