ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсатҶанг дар Украина

БАЪДИ УКРАИНА НАВБАТИ ҚАЗОҚИСТОН? БОЗДОШТИ 3 РУСЗАБОНИ ҶУДОИТАЛАБ ДАР ПЕТРОПАВЛ

Дар шаҳри Петропавл, ё Петропавловск маркази маъмурии вилояти Қазоқистони шимолӣ 3 узви гурӯҳи ҷудоиталаби “Шӯрои мардумӣ” боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, ин 3 ҷудоихоҳ мисли дигар аъзои ин гурӯҳ истиқлолияти Қазоқистонро инкор намуда, Ҷумҳурии Қазоқистонро як давлати “худхонда” медонанд.

Ахиран ин ба ном “Шӯрои мардумӣ” дар санаи 19-уми марти соли 2023  дар як нишаст бо эълони истиқлолияти Петропавловск аз Қазоқистон изҳор доштанд, ки “мақомоти ҳукуматии Қазоқистонро қабул надоранд, чунки Қазоқистон як давлати хасакист”. Ҳамчунин онҳо дар ин нишаст “раис”, “эъломия” ва дигар рамзҳои давлати худхондаи худро тасдиқ намуданд.

“Мо сокинони шаҳри Петропавловск ва вилояти Қазоқистони шимолӣ, мардуми озодманишу озод ҳастем. Ба сохторҳои ҳукумати фасодзадаи Қазоқистон эътимод надорем. Аз ин рӯ мо мардуми Қазоқистони шимолӣ мухторият, истиқлолият ва соҳибихтиёрии худро эълон мекунем”. Ин аз суханронии аъзои ин гурӯҳ аст, ки видеояш дар Интернет нашр шуд.

Пас аз нашри ин видео 30-юми марти соли 2023 мақомоти Қазоқистон дар робита ба ин баёнияи ҷудоиталабона парвандаи ҷиноӣ боз карданд

Ба дунбол, аъзои ин гурӯҳи ҷудоихоҳ дар як видеои дигар иддао карданд, ки гӯё ҷомеа онҳоро “нодуруст” фаҳмидааст ва Қосим-Жомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон бояд фазои маҷозии кишварро “зери идораи худ” гирад. Ба гуфти ин ҷудоиталабон, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба онҳо “таҳдид” кардаанд.

Ин ихтилофандозиҳо дар дохили ҷомеаи Қазоқистонро бархе коршиносон  ба талошҳои дигарбора ба ҳам задани суботу оромӣ дар ин кишвар ва як навъ озмоиши сенарияи сохтани ба ном “ҷумҳуриҳои мардумӣ” дар минтақаҳое, ки аҳолии русзабонаш нисбат ба қазоқҳо бештар аст, рабт медиҳанд. Бархе аз нозирони умур дар ин ҳама дасти ниҳодҳои ҷосусии Русияро мебинанд ва мегӯянд, чунин ба назар мерасад, ки Русия мехоҳад дар Қазоқистон низ мисли шарқи Украина тухми ихтилофро кошта, аз ҳамон равиши “ҷудоӣ андозу идора кун” истифода барад.

Алакай борҳо дар шабакаҳои телевизионии Русия зимни баррасии масъалаи Украина меҳмонон ва коршиносони рӯ ба Маскав рӯирост истиқлолияти Қазоқистонро инкор карда, минтақаҳои ҳаммарзи Қазоқистон бо Русияро хоки Русия меноманд.

Нозирони умур низ дар ин авохир дар бораи эҳтимоли дер ё зуд  дар Қазоқистон такрор шудани сенарияи Украина зиёд суҳбат мекунанд.

Дар Қазоқистон пас аз ҳамлаи мусаллаҳонаи Русия ба Украина аз Русия эҳсоси тарс доранд, зеро дар Қазоқистон, бахусус дар вилоятҳои шимолаш, ки бо Русия ҳаммарзанд, аҳолии русзабон зиёд аст ва бовар меравад, ки Путин ҳар лаҳза метавонад бо баҳонаи “ҳимоят аз русзабонҳо” нисбат ба Қазоқистон рафтори монанд ба аъмолаш нисбат ба Украинаро такрор кунад.

Русҳо дар умум наздики 20 фоизи аҳолии Қазоқистонро ташкил медиҳанд. Вале дар таркиби аҳолии вилоятҳои шимоли Қазоқистон фисади аҳолии русзбон хеле бештар ва ҳатто дар бисёре аз шаҳру минтақаҳои шимоли ин кишвар русҳо аз қазоқҳо зиёдтар ҳам ҳастанд.

Барои мисол, дар ҳамон шаҳри Петропавл, ё Петропавловск аз ҳудуди 220 ҳазор аҳолӣ наздики 60 фоизашро русҳо ва ҳамагӣ 31 фоизи аҳолиро қазоқҳо ташкил медиҳанд. Равшанфикрони қазоқ мегӯянд, то соли 1752 ин мавзеъ Қизилҷар ном дошт ва бояд номи қаблии он баргардонда шавад. Вале мақомоти Қазоқистон зоҳиран аз тарси вокуниши манфии Маскав то ҳол ба чунин пешниҳодҳо посухе надодаанд ва дар ин самт иқдоме накарданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Академик Ҳасан Холмуҳаммадзода Абдуғаффори Ҳамадонӣ гуяд:

    Бояд ҷаҳон аз россия суол кунад, ки чаро 18-млн километри квадратиро азхуд кардааст, бо чӣ далел? Банда шахсан муътақидам, ки айни ҳамин суолро амрикоӣ ба худ додаанд, ки чаро мо мудирияти ҷаҳонро бар уҳда дорему замини россия аз замини иттифоқчиёни мо дар аврупо бештар аст?! Замони он расидааст, ки замини паҳновари россия бо адолат баробар тақсим шавад. Аз 81-субъекти россия 25-30-тоаш ҷумҳурӣ аст, ки дар ин ҷумҳуриҳо қавму миллатҳои ғайри рус зиндагӣ мекунанд, бояд ба онҳо истиқлолу озодии давлатии комил дода шавад.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button