ВидеоФарҳангҲодиса

ПИСАРИ ҶАВОНМАРГИ ОЗАРАХШ ВА ФАРЗОНАРО ДАР ХУҶАНД БА ХОК СУПУРДАНД (4 АКС)

Ҳумоюн Каримов, фарзанди хурдӣ писари ягонаи Шоирони халқии Тоҷикистон Озарахш ва Фарзонаро рӯзи 14 апрели соли 2023 дар як оромгоҳ дар шаҳри Хуҷанд  ба хок супурданд. Дар аксҳое, ки аз маросими дафн Радиои Озодӣ нашр кард, дида мешавад, ки Озарахш, падари мотамзадаи Ҳумоюни ҷавонмарг ба нишони азодорӣ тоқию ҷомаи сиёҳ ба тан пӯшидаву асо ба даст гирифтааст ва дар иҳотаи мардуми азодор барои фарзандаш нола мекунад.  Дар маросими  видоъ ва дафни фарзанди ду шоири шинохта садҳо нафар иштирок кардаанд.

Ҳумоюн Каримов, ки ҳамагӣ 21 сол дошт ва дар соли сеюми шуъбаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҳсил мекард, рӯзи 13 апрел дар Сирдарё ғарқ шуд. Мақомот ва наздикон дар бораи сабабу ангезаҳои ин ҳодиса то ҳол чизе нагуфтаанд.

Садҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба Озарахш ва Фарзона барои ин мусибате, ки ба сарашон омад, изҳори таслият карда, барояшон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд.

Озарахш (Толиб Каримов) шоир ва таронасарои маъруф буда, сардабири нашрияи “Паёми суғд” аст ва дар маҳфилҳо овозхонӣ ҳам мекунад. Ҳамсари ӯ Фарзона (Иноят Хоҷаева) яке аз матраҳтарин шоирони муосири тоҷик шинохта шудааст. Ҳарду бо унвони баланди Шоирони халқии Тоҷикистон мушарраф шудаанд.

Озарахш ва Фарзона се фарзанд доштанд: ду духтар (Шаҳнавоз ва Шоҳона) ва фарзанди хурдӣ ва писари ягонаи ин ҷуфти маъруф Ҳумоюн, ки ҳанӯз донишҷӯ буд ва гоҳо овозхонӣ ҳам мекард. Чанд  сабти ҳунарнамоии ӯ бо падараш Озарахш ва амакбачааш Фараҳманд Каримов, ки низ аз овозхонҳои шинохтаи тоҷик ба шумор меравад, дар Интернет нашр шудааст.

Возможно, это изображение 8 человек

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button