ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

МУСОДИРАИ 6 КОРДИ ҒИЛОФДОР АЗ ЯК МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ ХУҶАНД – ИРКУТСК (АКС)

Кормандони боҷхона (гумрук) дар фурудгоҳи шаҳри Иркутски Русия аз бағочи мусофире, ки аз шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон меомад, 6 корди  дастисохти ғилофдор пайдо кардаанд. Ташхис 4 кордро силоҳи сард донистааст. Соҳиби кордҳо – шаҳрванди Ӯзбекистон – барои онҳо ягон санад надошт ва ба болои ин, дар боҷхона барои кордҳояш эъломия ҳам пур накардааст.

Хадамоти матбуоти боҷхонаи Иркутск хабар дод, ки шаҳрванди Ӯзбекистон, ки аз шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон вориди шаҳри Иркутски Русия шуд,  эъломия пур накарда, мехост бо роҳрави сабз гузарад, вале кормандони боҷхона ӯро манъ ва бағочашро тафтиш карданд. Баъди ёфт шудани 6 корд аз ҷомадонаш ин шаҳрванди Ӯзбекистон баёнот додааст, ки ин кордҳоро дар Ӯзбекистон устоҳои моҳир дастӣ сохтаанд ва ӯ ин кордҳоро барои туҳфа кардан бо худ ба Русия овардааст.

Сардори шуъбаи тафтишоти маъмурии боҷхонаи Иркутск Татяна Васютина дар шарҳи ин қазия гуфт: “Ташхиси боҷхона нишон дод, ки ҳамаи кордҳои гирифташуда дастисохт буда, чор кордаш ба гуруҳи кордҳои шикорӣ (ханҷар, ё кинжал) шомил мешаванд ва силоҳи сарди дамдори халандаю буранда маҳсум мешаванд”.

Ворид кардани чунин маҳсулот тавассути марзи Русия ва Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё (ЕАЭС) иҷозатнома ва эъломияи ҳатмии гумрукиро талаб мекунад.

Нисбат ба шаҳрванди Ӯзбекистон бо иттиҳоми дар боҷхона эълом накардани силоҳҳои сард а риоя накардани маҳдудиятҳо ду парвандаи маъмурӣ кушодаанд. Соҳиби кордҳоро барои ин қонуншиканӣ ҷарима баста, кордҳояшро мусодира кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button