ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ КӮДАКИ СЕСОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ ЗИЛ-133, АВБОШӢ БО НОХУНГИРАК ВА 2 ҚАЛЛОБӢ

Як кӯдаки сесола рӯзи 12 апрели соли 2023, соати 15:20 дар деҳаи Чӯянчии ноҳияи Деваштич зери чархи мошини боркаши ЗИЛ-133 ба ҳалокат расидааст.

хххххххххххххххх

Ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Зафаробод рӯзи 8-уми апрели соли 2023, тахминан соати 12:00, дар и шаҳраки Гулистон ноболиғи 16-соларо суханҳои қабеҳ гуфта, бо кордчаи майдаи асбоби нохунгирӣ дар пои чапаш як маротиба задааст.
хххххххххххххххх

Раҷабалӣ сокини 34-солаи Душанбе барои қаллобӣ ба маблағи 130 ҳазор сомонӣ ва сокини 25-солаи Истаравшан барои фиреб додани як зан ба маблағи 45 ҳазор сомонӣ бо ваъдаи барои писараш гирифта додани билети ҳарбӣ боздошт шудаанд.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 14.04.2023

Ба ҳалокат расидани писарбачаи хурдсол дар натиҷаи ҳодисаи нохуши нақлиётӣ

63

12-уми апрели соли 2023, тахминан соати 15:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ЗИЛ-133 ГЯ», Нуров Раҳимбой Абдумаҷидович, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди деҳаи Чӯянчии ноҳияи мазкур бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди хурдсол Каримзода Муҳаммад, соли таваллудаш 2020, сокини ҳамин ноҳияро, ки аз тарафи рости роҳ ба роҳ баромад, пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди хурдсол Каримзода М. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Боздошт гардидани ҷавони 19-сола бо ҷурми авбошӣ

150

Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 237 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Зафаробод оғоз карда шуд.
Номбурда, 8-уми апрели соли 2023, тахминан соати 12:00, дар кӯчаи шаҳраки Гулистони ноҳияи мазкур қарор дошта, бо ноболиғи 16-солаи сокини ҳамин ноҳия аз сабаби муноқишаи ба миён омада ҷанҷол намуда, нисбаташ суханҳои қабеҳ гуфта, тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда, бо кордчаи майдаи асбоби нохунгирӣ дар пои чапаш як маротиба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани кирдорҳои қаллобии ду мард

21

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 18-уми декабри соли 2022, дар кӯчаи Н.Махсуми шаҳри Душанбе, “Раҷабалӣ” ном шахс бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 130 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати 3 рӯз маблағашро ба пуррагӣ бармегардонад, аммо то ҳол барнагарадонидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Истаравшан оғоз карда шуд.
Номбурда, 25-уми марти соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии зани 38-солаи сокини шаҳри мазкур даромада бо баҳонаи гирифта додани билети ҳарбӣ ба писараш ба маблағи 45 ҳазор сомониро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button