ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

КӮШИШИ ФИРОРИ СЕ ШАҲРВАНДИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ БОЗДОШТГОҲИ ИНДОНЕЗИЯ

Дар натиҷаи кӯшиши фирори се шаҳрванди Ӯзбекистон аз боздоштгоҳи идораи муҳоҷирони минтақаи Ҷакартаи шимолӣ дар пойтахти Индонезия як корманди идораи муҳоҷирон ва яке аз маҳбусони фирорӣ ба ҳалокат расида, се нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар ин бора расонаҳои Индонезия, аз ҷумла Jakarta Globe , бо такя ба пулиси зиддитеррори ин кишвари воқеъ дар Осиёи ҷанубӣ хабар доданд.

Чанде пеш пулиси Ҷакарта 4 шаҳрванди Ӯзбекистонро бо иттиҳоми узвият ва таблиғи ақидаҳои созмони террористии “Катиба Тавҳид вал-Ҷиҳод”, ки дар Сурия амал мекард ва асосан ҷангҷӯёни ӯзбекзабонро муттаҳид мекард, дастгир кард. Гуфта мешуд, ки се нафари онҳо узви ин созмони террористии дар бисёр кишварҳо мамнӯъ буда, нафари чорум онҳоро бо пул ва асноди қалбакӣ таъмин мекард.

Нашрияи индонезии Republika  исми ин 4 зодаи Ӯзбекистонро ҳам нашр карда буд:

  1. Беҳзод Анорбек уғлӣ Байтоев,
  2. Олимжон Мухтор уғлӣ Маҳмудов,
  3. Муроджон Иброҳимжон уғлӣ Раҳимов ва
  4.  Баҳромжон Қобилжонович Азизов.

Намояндаи воҳиди зиддитеррористии №88 Асвин Сирегар дар нишасти хабарӣ гуфт, ки “се нафари онҳо фирор карданд, вале чорумаш бо номи Б. К. А. дар боздоштгоҳ монд ваё гурехтан нахост”. Б. К. А. зоҳиран Баҳромжон Азизов аст.

Фирор соати чори субҳи 10 апрели соли 2023, вақте сурат гирифтааст, ки кормандон ва посбонҳои боздоштгоҳи идораи муҳоҷирон барои суҳур (усарӣ) — нонуштаи моҳи шарифи Рамазон ғизо тайёр мекарданд. Зодагони Ӯзбекистон бо кордҳо мусаллаҳ шуда, як корманди идораи муҳоҷиронро куштанд ва як ҳамкори ӯву ду посбони боздоштгоҳро захмӣ карда, гурехтанд.

Таъқиби онҳо як шабонарӯз тӯл кашид: як маҳбуси фирориро дар боғи як хонаи баландқабатаи истиқоматӣ дастгир карданд ва якеи дигарро дар дохили як лӯла дар соҳили дарёи Сантер.

Асвин Сирегар гуфт: “Фирории сеюмро аз дарё мурда пайдо карданд. Ӯ худро ба дарё партофт ва ғарқ шуд. Ҷасади ӯро барои ташхис ба бемористони Крамат Ҷатӣ интиқол доданд”.

Ҳангоми бозпурсӣ фирориҳои дастгиршуда эътироф кардаанд, ки баъди ба боздоштгоҳ ба дидани онҳо омадани кормандони консулхонаи Ӯзбекистон дар Ҷакарта қасди фирор карданд. “Онҳо аз тарси муҷозоти сангин дар Ватанашон намехостанд, ки ба Ӯзбекистон истирдод шаванд”, — шарҳ додааст намояндаи воҳиди зиддитеррористии №88 Асвин Сирегар дар нишасти хабарӣ.

Ҳоло ҳарсе маҳбуси зиндамондаи ӯзбекистониро ба далели шурӯи тафтиши қатли корманди идораи муҳоҷирон ба боздоштгоҳи пулиси Ҷакарта интиқол додаанд.

ЗОДАГОНИ ӮЗБЕКИСТООН ДАР ИНДОНЕЗИЯ ЧӢ МЕКАРДАНД?

Дар аввали моҳи апрели соли 2023 хабаргузории маҳаллии  Antara  бо истинод ба генерал Аҳмад Рамазон хабар дод, ки воҳиди вижаи мубориза бо терроризми пулиси миллии Индонезия 4 шаҳрванди Ӯзбекистонро бо иттиҳоми узвият ва таблиғи ақидаҳои созмони террористии “Катиба Тавҳид вал-Ҷиҳод” дастгир кардааст.

Генерал Рамазон гуфт, ин афрод аз 26 то 40 сол дошта, моҳи феврали соли ҷорӣ бо парвозҳои мухталиф аз Истанбули Туркия тавассути Имороти Муттаҳидаи Араб ва Малайзия ба Индонезия омадаанд. Тафтишот мегуфт, се тан аз дастгиршудаҳо бевосита ҷангҷӯёни он созмони террористӣ буда, чорумӣ ба онҳо кумаки молӣ мерасонд ва бо асноди қалбакӣ таъминашон мекард.

Генерал Рамазон гуфт, оне, ки гумон меравад, саркардаи ин гуруҳ бошад, соли 2021 аз Ӯзбекистон ба Туркия рафта, дар онҷо ба ҷалби аъзои нав ба саффи Катиба Тавҳид вал-Ҷиҳод” бо мақсади анҷоми ҳамлаҳои террористӣ машғул шудааст ва сипас ӯро ба урдугоҳи ҷангҷӯён ба Сурия фиристодаанд. Намояндаи пулиси Индонезия гуфт, дар Ӯзбекистон ба зидди ӯ бо иттиҳоми таблиғи ақидаҳои ифротӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода будаанд.

Пулиси Индонезия ҳафтае пеш гуфта буд, ки ин 4 зодаи Ӯзбекистонро ҳанӯз ба ҳабс нагирифтаанд ва Ҷакарта феълан қадамҳои минбаъдаро бо ҷонибҳои дигари зидахл баррасӣ мекунад.

Индонезия (пойтахташ Ҷакарта) дар ҷануби қораи Осиё дар силсилаи ҷазираҳо дар байни уқёнусҳои Орому Ҳинд ҷойгир шуда, бо 270 миллион аҳолиаш сераҳолитарин кишвари мусалмонии ҷаҳон ва баъди Хитою Ҳиндустон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чорумин кишвари сераҳолӣ дар саросари ҷаҳон дониста мешавад.

Манбаъ: ИА Фергана

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button