ВидеоҲуқуқи инсон

“АФВИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ” АЗ ПРЕЗИДЕНТ Э.РАҲМОН ОЗОДИИ АБДУЛЛОҲИ ШАМСИДДИНРО ХОСТ

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон “Афви байналмилалӣ” (“Amnesty International”) дар як нома аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон озодии билофосилаи Абдуллоҳи Шамсиддин, фарзанди яке аз роҳбарон ва асосгузорони ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) Шамсиддини Саидро тақозо кардааст. Абдуллоҳи Шамсиддин моҳи январи соли 2023 аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ шуд ва додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 29 март ӯро ба 7 соли зиндон маҳкум кард. Мақомоти Тоҷикистон то кунун хабари истирдод ва ҳукми зиндони Абдуллоҳи Шамсиддинро расман тасдиқ накардаанд.

Дар “Афви байналмилалӣ” бар инанд, ки Абдуллоҳи Шамсиддин ба далели хешутабори наздики роҳбарони ҲНИТ буданаш мавриди таъқиб қарор гирифтааст. Абдуллоҳи Шамсиддин, ки 33 сол дошта, аз соли 2009 дар Олмон ба сар мебурд, нафақат писари яке аз асосгузорони ҲНИТ Шамсиддини Саид аст, балки домоди раҳбари ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ низ ҳаст: Сумайя Пирова, ҳамсари Абдуллоҳи Шамсиддин фарзанди апаи Кабирист.

Муаллифони нома аз президенти Тоҷикистон хостаанд, ки ҷиҳати маълум кардани макони будубоши Абдуллоҳи Шамсиддин чора бияндешад ва ҳамчунин “тамоми кори мумкинро анҷом диҳад, то ки ӯро дар боздошт бидуни ҳаққи тамос бо берун нигоҳ надоранд, шиканҷа надиҳанд ва нисбаташ бадрафторӣ накунанд”.

“Агар Абдуллоҳи Шамсиддин  дар ягон ҷиноят гумонбар набошад, ӯро бояд билофосила озод кунанд ва дар сурати эълони айбнома ба зиддаш бояд муҳокимаи додгоҳии ӯ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ба сурати мунсифона ва бо таъмини ҳаққи дастрасӣ ба адвокат сурат бигирад “, – таъкид шудааст дар номаи ҳомиёни ҳуқуқ.

Бино ба иттилои дарёфтии пойгоҳи хабарии “Бомдод”, додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии ш. Душанбе рӯзи 29 марти соли 2023 Абдуллоҳи Шамсиддинро бар асоси ду банди моддаи 307  ба узвият дар созмони мамнӯъ ва лайк гузоштан дар зери матлабҳои “зиддидавлатӣ” гунаҳкор дониста, ба 7 соли зиндон маҳкум кард.

Абдуллоҳи Шамсиддин 18 январи соли ҷорӣ аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ карда шуд ва аз он замон дар ҳабс қарор дошт. Мурофиаи парвандаи ӯ дар додгоҳи ноҳияи Сомонӣ ҳамагӣ ду рӯз давом кард. Ба хоҳарони Абдуллоҳи Шамсиддин, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ доранд, иҷозат доданд, ки дар мурофиаи парвандаи ӯ иштирок кунанд.

Бино ба иттилои манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, дар ҷараёни мурофиа чанд шоҳид баёнот додаанд, ки Абдуллоҳи Шамсиддин дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери чанд матлаби роҳбарони оппозитсия лайк гузоштааст. Худи Абдуллоҳи Шамсиддин дар мурофиа дар посух ба суолҳои додрас лай гузоштанаш зери чанд матлаб ва ҳам узви “созмони террористию экстремистӣ”, ё ТЭТ, буданашро ба гардан гирифтааст. Мақомоти Тоҷикистон маъмулан бо ин ибора ҳизби мамнӯи наҳзатро дар назар доранд.

Маълум нест, ки Абдуллоҳи Шамсиддин дар чӣ шароите ин ду иттиҳомро эътироф кардааст.

Абдуллоҳи Шамсиддин дар Дортмунд ҳамроҳи зану ду фарзандаш зиндагӣ дошт ва дар як ширкати насби дарҳои электронӣ кор мекард. Мақомоти Олмон ӯро рӯзи 12 декабри соли 2022 аз манзилаш дар шаҳри Дортмунд гирифта, ҳамон рӯз ба фурудгоҳи шаҳри Мюнхен оварданд, то ки ба Тоҷикистон ихроҷаш кунанд. Шоми ҳамон рӯз аз Дортмунд ба Душанбе ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” парвози мустақим анҷом медод. Аммо Абдуллоҳ сари худро ба девор зада, бинияшро шикаст ва ба ин далел, рӯзи 12 декабр ихроҷи Абдуллоҳи Шамсиддин сурат нагирифт ва ӯро аз Мюнхен ба Дюсселдорф оварда, дар як боздоштгоҳ ҷой карданд.

Рӯзи 18 январи соли 2023 Абдуллоҳи Шамсиддинро бо ҳавопаймои “Туркиш Эйрлайнз” тавассути Истанбул ба Душанбе бурданд.  Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон то кунун дар бораи ихроҷи ӯ аз Олмон ба Душанбе ва тафтишу мурофиаи парвандааш ягон шарҳ надодаанд.

Падари ӯ Шамсиддини Саид ҳанӯз дар поёни солҳои 80 ба саффи ҲНИТ, ки он вақт “наҳзати ҷавонони Тоҷикистон” ном дошт, пайваст ва соли 1986 барои иштирокаш дар гирдиҳамоии эътирозӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо талаби раҳоии асосгузори ин ҳаракат Саид Абдуллоҳи Нурӣ дастгир ва маҳкум ба зиндон шуд.  Соли 1992, дар пайи оғози ҷанги шаҳрвандӣ ва манъи фаъолияти ҲНИТ тарки Тоҷикистон кард ва то соли 1997 дар Теҳрон ба ҳайси намояндаи Нурӣ фаъолият дошт.

Баъди имзои созишномаи сулҳ байни ҳукумат ва оппозитсия Шамсиддини Саид ба Тоҷикистон баргашт ва чандин сол умури равобити байналмилалии ҳизби наҳзатро дар дафтари ҲНИТ дар Душанбе бар уҳда дошт ва узви раёсати ҳизб буд. Соли 2015, дар пайи манъи дигарбораи фаъолияти ҲНИТ Шамсиддин Саид  ба Аврупо паноҳ овард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button