ВидеоСиёсатТоҷикистон

16-17 СОАТ БОЗПУРСӢ ШУДААСТ, ВАЛЕ ДАР БОЗДОШТ НЕСТ. БО СОБИР ВАЛИЕВ ЧӢ ГУЗАШТ?

Манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабари боздошти Собир Валиев, як фаъоли собиқи мухолифинро, ки се сол пеш ба Тоҷикистон баргашту афв шуд, рад мекунанд, вале мегӯянд, ки ӯ дар доираи як парвандаи иқтисодӣ аз ҷониби муфаттишони Додситонии кул бозпурсӣ шудааст.

Ба гуфтаи манобеи “Бомдод”, “Собир Валиевро бар асоси шикояти нафаре, ки гӯё бо ӯ тиҷоратҳое доштааст, бозҷӯӣ кардаанд. Вале боздошт нашудааст, фақат ба бозпурсӣ даъват кардаанд”.

“Ислоҳ”, як пойгоҳи хабарии наздик ба мухолифини тоҷик, рӯзи 13 апрели соли 2023 бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки  “Собир Валиев, яке аз раҳбарони собиқи “Гурӯҳи 24”, ки бо хоҳиши худ, довталабона аз хориҷа ба ватан бозгашта буд, чанд рӯзи пеш дастгир шудааст. Бино бар як санаде, ки ба дасти мо расид, амалиёти таҳқиқу тафтиш алайҳи 8 нафар 30 августи соли 2022 бо имзои Ҷамшед Мирзохонзода шуруъ шудааст”.  Генерал Ҷамшед Мирзохонзода (Сангов) дар Додситонии кул сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аст.

Додситонии кулли Тоҷикистон ин хабарро то кунун шарҳ надодааст. Паёмгири худи Собир Валиев дар шабакаи Фейсбук ҳарчанд рӯшан аст dва паёмҳои расидаро мехонад, вале ӯ то кунун ба пурсишҳои хабарнигорон, аз ҷумла “Бомдод”, дар мавриди ҳақиқат ва дурӯғи хабари боздошташ, ягон посух ё шарҳе надодааст.

Дар ҳамин ҳол, Асадулло Валиев, журналист ва тоҷир, падари Собир Валиев низ рӯзи 14 апрели соли 2023 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ боздошти писарашро рад, вале бозҷӯӣ шуданаш дар аввалҳои моҳи мартро тасдиқ кардааст. Асадулло Валиев гуфтааст, писарашро дар робита ба моддаи 307 ва як парвандаи иқтисодӣ “ягон 16-17 соат” бозпурсӣ кардаанд, вале боздошт нашудааст: “Аз ҷумла дар доираи моддаи 307 пурсидаанд. Сипас вобаста ба чанд масъалаи иқтисодӣ суол дода, раҳо карданд. Ҳоло дар озодӣ аст.”

Падараш дар бораи муҳтавои бозпурсиҳои Собир Валиев ва мушаххасан ба чӣ гумонбар шуданаш тафсилоте надодааст ва танҳо гуфтааст, ки аз замони бозгашташ ба Тоҷикистон ба тиҷорат машғул аст ва “озодона ба хориҷа рафтуо дорад”.

Собир Валиев писари Асадулло Валиев, асосгузори хабаргузории баъдан барҳамхӯрдаи “Мизон” ва номзади собиқ ба вакилии парлумон дар интихоботи соли 2000 мебошад. Собир Валиев дар давраи зинда будани Умаралӣ Қувватов ба “Гуруҳи 24” пайваст ва то ба мақоми муовини раиси ин ҳаракати оппозитсионӣ расид. Соли 2015 бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Молдова дастгир шуд ва қариб ду моҳро дар ҳабс ба сар бурд.

Соли 2016 дар пайи як ихтилофи дохилӣ аз мақоми роҳбарӣ дар “Гуруҳи 24” канор зада шуд ва ба як ҳаракати оппозитсионии таҳти раҳбарии Додоҷон Атовуллоев пайваст. Вале баъдан аз фаъолиятҳои оппозитсионӣ дилсард шуда, аз ин ҳама канор рафт ва соли 2020 ба Тоҷикистон баргашт ва дар чорчӯби афве, ки ҳукумат ба мухолифинаш пешниҳод карда буд, афв шуд.

Гуфта мешуд, ки Собир Валиев дар мактаби №53 дар маркази Душанбе як муддат бо Рустами Эмомалӣ ва Шоҳрух Саидзода дар як синф таҳсил кардааст ва бозгашт ва афви ӯ бо мусоидати ҳамсинфони собиқаш сурат гирифтааст.

“Ислоҳ” дар гузоришаш мавриди таъқиб қарор гирифтани Собир Валиевро ба ихтилофот дар дохили доираҳои ҳоким дар Тоҷикистон рабт дода, санге аз ҷониби Додситонии кул ба полези Рустами Эмомалӣ ва Шоҳрух Саидзода номидааст.

То куҷо воқеъият доштани ин фарзия ҳанӯз таҳқиқ металабад, вале падари Собир Валиев Асадулло Валиев низ дар суҳбат бо Озодӣ гуфтааст: “Ба мақомоту тарафҳое, ки заминаи бозгашташро фароҳам карданд, ташаккур мегӯям, вале тасмимҳои носанҷидаи баъзе аз доираҳо якдигарфаҳмию эътимодро зери шубҳа мегузоранд.” 

Дар доираи афви ба мухолифин пешниҳодкардаи ҳукумат  даҳҳо нафар, аз ҷумла бархе аз шахсиятҳои дар гузашта ангуштнамои оппозитсия, ба Тоҷикистон баргаштанд. Онҳое, ки баргаштанд, мегӯянд, дар канори хешу табору худ хушу осуда ва озод ба сар мебаранд, вале нозирони умр мақоми онҳоро бештар ба “бандии озод” ташбеҳ мекунанд ва мегӯянд,  ки ҳаракатҳои онҳо маҳдуд ва зери назорат қарор дошта,  мақомот аз ин афвшудагон барои ҳамлаҳои иттилоотӣ ба зидди мухолифин (намунаҳояш Оятулло Гиляев ва худи Собир Валиев дар моҳҳои аввали баъди бозгашташ) ва ҳамин тавр, барои баёнот додан ба зидди ҳамсаффони собиқи аз ягон кишвар истирдодшудаашон ҳамчунон фаровон истифода мебаранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button