ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ТИФЛИ ДУСОЛАИ ТОҶИК ДАР ВИЛОЯТИ ЛЕНИНГРАД АЗ ҚАБАТИ ЧОРУМИ БИНО АФТОДААСТ

Як кӯдаки дусола аз оилаи муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Николское дар ноҳияи Тоснои вилояти Ленингради Русия аз тирезаи қабати чоруми бинои истиқоматӣ ба замин афтодааст. Кӯдакро дар ҳолати вазнин ба бемористони ноҳияи Тосно оварда, бистарӣ кардаанд.

Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақа ба пойгоҳи хабарии “Невские новости”  гуфт, ин ҳодисаи нохуш рӯзи 9 апрели соли 2023, соати 13:50 дар як бино дар кӯчаи Первомайская ба сабаби кӯдакро беназорат гузоштани модараш афтодааст.

 Кӯдакро кататравма (ҷароҳатҳо бар асари афтодан аз баландӣ), ҷароҳати мағзи сар ва аз чанд шикастани косахонаи сараш дар бемористон бистарӣ кардаанд ва табибон вазъи ӯро сангин арзёбӣ мекунанд.

Бино ба иттилои “Невские новости”, падару модари ин тифл аз Тоҷикистон буда, дар вилояти Ленинград иҷора мешинанд. Онҳо боз ду тифли дигари солҳои таваллудашон 2018 ва 2019 доранд.

Солҳои охир шумори ҳарчӣ зиёдтари муҳоҷирони тоҷик зану фарзандони худро бо худ ба Русия мебаранд.

Николское шаҳрест бо 22 ҳазор аҳолӣ дар 44-километрии ҷанубушарқи маркази шаҳри Санкт-Петербург  ва ҳамагӣ 20 километр дуртар аз Колпино, ки ахиран ба ҳайъати Петербург ҳамроҳ карда шуд, ҷойгир шудааст. Деҳаи Николское дар асри 18 ба вуҷуд омада, номи худро аз як икона ё сурати  Николай Чудотворетс, ки дар байни масеҳиён шахсияти қудсӣ дониста мешавад, гирифтааст. Ин деҳа тоза соли 1990 мақоми шаҳрро ба даст овардааст.

Nikolskoye, Leningrad Oblast.JPG

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button