ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

МУНОҚИШАИ ЗАНОНИ ТОҶИК ДАР МЕТРОИ МАСКАВ (ВИДЕО)

Дар канали “Парвиз ТВ” видеои лаҳзаи муноқишаи се зани тоҷик дар дохили вагони метрои шаҳри Маскав, пойтахти Русия нашр шудааст.

Сабаби муноқишаи занҳо маълум нест, вале дар ин видеои 38-сониягӣ дида мешавад, ки се зан бо овози баланд дар дохили вагони метро бо ҳам хархаша карда, аз гиребони якдигар мегиранд.

Яке аз онҳо фарзанди хурдсол ҳам дорад, ки дар даруни аробача (коляска) аз доду ғавғои бархоста тарсида, ба гиря медарояд.

Вале занон чунон саргарми “разбор” ҳастанд, ки ба гиряи кӯдак аҳамияте намедиҳанд. Дар айни авҷу ҷӯши ҷанҷоли занҳо аробача бо кӯдак дар дохили вагон ба ҳаракат даромада, аз пеши онҳо дур мешавад, вале ин занҳои тоҷик ҳамчунон чунон саргарми муноқишаи худанд, ки ба ҳаракат даромадани аробачаро ҳам намебинанд. Яке аз мусофирони метро аробачаро аз чаппашавӣ нигоҳ дошта, ҳамроҳи кӯдак ба пеши занони саргарми ҷанҷол бармегардонад, вале тавре дар видео дида мешавад, ки занон боз ҳам аҳамият надода, ба ҷанҷоли худ давом медиҳанд.

Бисёриҳо ин рафтори ин муҳоҷирзанони тоҷикро маҳкум карда, навиштаанд,  занони тоҷик бояд дар хориҷ бо рафтори намунавии худ обрӯи миллатро боло бардоранд. Бо чунин ҷанҷолу муноқишаҳо дар мазҳари ом онҳо обрӯи мардуми тоҷикро мерезанд. Чунин аст хулосаи аксари шарҳҳо дар зери ин видео.

Ҳар сол беш аз як миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи кор бо маоши шоиста ба хориҷ, асосан ба Русия мераванд. Дар солҳои охир даҳҳо ҳазор аз занони тоҷик низ аз паси мардон роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтаанд.

Ҳамин тавр, ҳазорон нафар аз муҳоҷирони тоҷик занону фарзандон ва ҳатто падару модар ва дигар хешу табори худро ҳамроҳ ба Русия бурда истодаандю

 Бино ба ҳисобҳо, тақрибан чоряки муҳоҷирони тоҷикро дар Русия занон ташкил медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button