ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсатҶанг дар Украина

СААКАШВИЛӢ ДАР ЗИНДОН 55 КИЛО ВАЗНАШРО АЗ ДАСТ ДОДААСТ ВА МЕГӮЯД, ШОЯД БИМИРАД (ВИДЕО)

Расонаҳои мустақил таи чанд ҳафтаи ахир аз бад шудани вазъи саломатии собиқ президенти Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ, ки аз соли 2021 дар ҳабс қарор дорад, хабар медиҳанд. Вале ҳукумати Гурҷистон пайваста ин гузоришҳоро беасос хонда, таъкид бар он мекунад, ки “вазъи саломатии Саакашвилӣ на ба он дараҷае, ки расонаҳо менависанд, бад аст. Воқеан ӯ дар бемористон бистарист ва таҳти муроқибати пизишкон қарор дорад”.

Дар охирин матлабе, ки худи Саакашвилӣ рӯзи 7 апрели соли 2023 дар сомонаи Politico навиштааст, ӯ мегӯяд, ки айни замон вазъи саломатиаш хеле бад асту эҳтиёҷ ба шароити беҳтар ниёз дорад, вагарна метавонад бимирад.

“Вақте, ки ман моҳи октябри соли 2021 пас аз 8 соли дурӣ аз ватан ба умеди баргардонидани адолат, ҳимоят аз интихоботи озод ва пуштибонӣ аз арзишҳои демократӣ ба Гурҷистон баргаштам, 54-сола будам а худро тансиҳату бардам ҳис мекардам. Вале бо баробари бозгашт ба ватан аз ҷониби мақомоти қудратии Гурҷистон бо иттиҳомоти пучу беасос, ки  ба он дар инҷо танҳо ҳукумати дастнишондиҳандаи Путин дар Гурҷистону дар онҷо мансабдорони Кремл бовар доранд, боздошт ва зиндонӣ шудам”, навиштааст Саакашвилӣ.

Ҳамчунин Саакашвилӣ дар ин навиштаи худ аз кишварҳои ҷаҳон хостааст, ба ҳукумати кунунии Гурҷистон фишор оранд, то ба арзишҳои демократӣ пойбанд бошаду ҳаққу ҳуқуқи инсонро риоя кунад.

Саакашвилӣ навиштааст: “Конгресси Амрико, парлумони Иттиҳодияи Аврупо ва парлумони Британия бояд дар баробари ноадолатиҳо ва поймол шудани арзишҳои демократӣ дар Гурҷистон чашмпӯшӣ накунанд. Ҳоло вазъи саломатии ман бениҳоят бад аст. Ман эҳтиёҷ ба кӯмакҳои табибони ҳирфавӣ дар берун аз хоки Гурҷистон ниёз дорам. Агар ба ман кумакҳои зарурӣ расонида нашавад, ман ҷони худро аз даст медиҳам”.

Дар идома Саакашвилӣ таъкид мекунад, ки дар ҳолати аз байн рафтанаш дар Гурҷистон бесарусомониҳо авҷ мегиранд: “Марги ман ба манфиати мардум ва Гурҷистон нест. Ин танҳо боиси бесарусомониҳои сиёсӣ дар Гурҷистон мегардад. Аз ҷониби дигар, агар ман дар ин ҳол бимирам, бешубҳа, ин иқтидори Путинро дар кишвар  боз афзун хоҳад намуд, ки ин пирӯзии Путин маҳсуб мешавад”.

Рӯзи 28-уми марти соли 2023 модари Саакашвилӣ, Гиули Аласания низ аз вазъи бади писараш хабар дода, гуфта буд, ки “писарам бо он танумандии қаблиаш ҳоло ҳамагӣ 58 кило вазн дорад. Пас аз заҳролудкунӣ ӯ ба миқдори зарурӣ ғизо хӯрда наметавонанд, то сари по истад”.

Табибе, ки аз ҳолу ӯ охирин маротиба дидан карда буд , низ ба расонаҳо гуфт, ки “аз аввали боздошт то ба ҳол Саакашвилӣ 55 кило вазни худро аз даст додааст”.

Саакашвилӣ қаблан иддао карда буд, ки ӯро ҷосусони Русия бо дастури Путин заҳр додаанд.

Бино ба гуфтаи мақомоти Гурҷистон, ки онро сарвазири ин кишвар Ираклий Гарибашвилӣ таъйид намуд, гӯё “ҳукумати Украина Саакашвилиро ба Гурҷистон фиристодааст, то дар Гурҷистон табаддулоти давлатиро роҳандозӣ кунад”. Вале Саакашвилӣ ва ҷонибдоронаш ин иттиҳомро рад ва боздошти ӯро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.

Михаил Саакашвилӣ аз соли 2004 то соли 2013 ду навбат президенти Гурҷистон буд. Пас аз ба сари ҳукумат омадани олигархи Бидзина Иванишилӣ ба қудрати сиёсӣ Гурҷистонро тарк намуда, чанд муддат дар Украина  дар мақомҳои баланд кор кард.

Назарҳо ба мероси сиёсии даврони раҳбарии Саакашвилӣ яксон нест. Бархе ӯро барои аз байн бурдани коррупсия ва порахӯрии саросарӣ ва побарҷо кардани ниҳодҳои демократӣ дар Гурҷистон ситоиш мекунанд ва ислоҳоти анҷомдодаи ӯро як намунаи ибрат барои гузариши дигар кишварҳои худкомаю фасодзада ба низоми демократӣ мешуморанд. Аммо мунтақидонаш мегӯянд, маҳз сиёсати якравонаи Саакашвилӣ, бахусус бархӯрдҳои душманонааш нисбат ба Маскав ва Путин боис шуд, ки Русия моҳи августи соли 2008 ба Гурҷистон ҳамлаи ҳарбӣ карда, ду вилояти ҷудоиталаби Абхазистону Осетияи ҷанубиро ишғол ва дар ин сарзаминҳо давлатҳои худхонда ташкил кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button