ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ ДУ МУСОФИР ДАР САДАМАИ ДАҲШАТОВАР ДАР ВАРЗОБ: “ОПЕЛЬ” БА 600 МЕТР ҶАРӢ ЧАППА ШУД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 6 апрели соли 2023 дар як садамаи мудҳиш дар ҳудуди ноҳияи Варзоб дар шоҳроҳи Душанбе – Варзоб – Хуҷанд бар асари ба ҷарии умқаш 600 метр чаппа шудани мошини “Опел” ду мусофири ин мошин ҷон бохтаанд.

Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, рӯзи 6 апрел, соати тақрибан 14:16, ба қисми навбатдории  ин ниҳод занг зада, дар бораи як садамаи даҳшатовар дар ҳудуди ноҳияи Варзоб хабар додаанд. Бино ба маълумоти Кумита, дар километри 65-уми роҳи Душанбе –Варзоб як мошини сабукрави тамғаи “Opel Zafira” таҳти идораи сокини 36-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ки аз тарафи шаҳри Хуҷанд ба сӯи шаҳри Душанбе ҳаракат дошт, ба сабабҳои ҳанӯз номаълум ба ҷарии умқаш 600 метр чаппа шудааст.

Дар натиҷаи садама, ронанда ва як мусофири ин мошинро бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористони ноҳияи Варзоб бистарӣ кардаанд, вале ду мусофири дигари “Опел” бар асари ҷароҳатҳои вазнини бардоштаашон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон низ ба дунбол бо тасдиқи ин ҳодиса хабар дод, ки “6-уми апрели соли 2023, тахминан соати 14:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”, Зокирхӯҷаев Баҳриддин Баҳодурович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Душанбе, дар 65-ум километри роҳи мошингарди “Душанбе-Хуҷанд”, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Варзоб, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба нишебии 600 метр сарозер шудааст. Дар натиҷа, ронанда ва мусофирони дохили автомашина ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, 2 нафар аз мусофирони “Опел” дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.”

Дар пайи ин ҳодиса, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ронандагон хотиррасон кардааст, ки ба хотири пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш  суръати ҳаракатро бахусус дар роҳҳои кӯҳистон риоя кунанд. “Шуморо дар хона мунтазиранд!” – таъкид шудааст дар даъвати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button