ВидеоСиёсатҲодиса

ДАФТАРИ ҲИЗБИ ҲОКИМРО ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ДУЗД ЗАДААСТ

Дафтари кори Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Панҷ дузд задааст. Дар ин бора рӯзи 6 апрели соли 2023 “Фараж” хабар дод. Бино ба иттилои нашрия, ғоратгарон шаби 15 марти соли ҷорӣ бо роҳи пинҳонӣ вориди бинои нави ҳизби дар Тоҷикистон ҳоким шуда, аз он ҷо телевизор, ноутбук, 2 адад компютер бо 2 мониторро ба яғмо бурдаанд.

Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Каримҷон Файзизода дар суҳбат бо “Фараж” дуздии таҷҳизоти кории идораашонро тасдиқ кард ва гуфт, ки ҳодиса шаби 15-уми марти соли равон рух додааст.

– Ман фавран тариқи мактуб ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, баъдан шахсан ба кумитаи иҷроияи ҳизби вилоят телефонӣ хабар додам. Аз ҷониби мақомоти милиса тафтишот идома дорад. Ташхисгарон изи дасти дуздонро гирифтаанд, аммо бо гузашти қариб як моҳ ҷиноят ошкор карда нашудааст. Таҷҳизоти кории дуздидашуда кӯҳна буданд ва ҳудуди 4 ҳазор сомонӣ арзиш доштанд. Ба идораи нави ҳизб моҳи сентябри соли гузашта кӯчидем ва то ҳанӯз бино дурбинҳои назоратӣ надошт, – иброз  доштааст раиси ҳизби ҳоким дар ноҳияи Панҷ Каримҷон Файзизода.

Сардори маркази матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон Офоқ Қодириён дар суҳбати телефонӣ аз ҳолати дуздӣ изҳори бехабарӣ карда, гуфтааст, дар ин бора ба ӯ маълумот нарасидааст.

Сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ Баҳром Шокирзода дар як суҳбати кутоҳи телефонӣ, пас аз муаррифӣ ва изҳори манзури хабарнигорони “Фараж” телефонашро қатъ карда, аз шарҳи қазия сар печидааст.

“Фараж” ёдовар шудааст, ки қаблан ҳам дуздии ашёву таҷҳизот аз идораҳои ҲХДТ дар навоҳии Ҷайҳун, Шаҳритӯс ва Кӯшониёни вилояти Хатлон ба қайд гирифта шуда буд. Аз ин байн, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритӯс Ҳомидҳон Шаропов дуздӣ аз бинои ҳизбро дар ин ноҳия дар тобистони соли гузашта тасдиқ карда, хабар додааст, ки кормандони милитсия бар асоси сабти дурбинҳои назоратии бино дуздро муайян ва дастгир карда, таҷҳизоти дуздидашударо ба онҳо баргардонидаанд.

ҲХДТ, раисаш президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар миёнаҳои солҳои 90 таъсис ёфта, дар ҳоли ҳозир бузургтарин ҳизби сиёсии Тоҷикистон ба шумор меравад. Масъулонаш ҳанӯз чанд сол пеш дар бораи аз марзи ним миллион нафар гузаштани шумори аъзои ҲХДТ хабар дода буданд.

Аксари курсиҳои парлумон ва ҳамчунин аксари мансабҳои давлатиро дар Тоҷикистон намояндагони ҲХДТ дар даст доранд.

Мунтақидон ин ҳизбро ба монополия кардани ҳукумат айбдор мекунанд ва мегӯянд, пирӯзии он дар интихоботҳо бо истифодаи фаровон ва ошкор аз манобеи маъмурӣ сурат мегирад. Вале тарафдорони ҲХДТ манбаи пирӯзии худро дар пуштибонии мардум аз сиёсати ин ҳизб ва раисаш президент Эмомалӣ Раҳмон медонанд.

Бинои ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button