ВидеоДин ва боварҳоҲуқуқи инсон

СОКИНИ ЗУҒАРАРО БАРОИ БА ЗАНИ БАРОДАРАШ ТАЪЛИМ ДОДАНИ УЛУМИ ДИНӢ ҶАЗО ДОДААНД

Додгоҳи ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара) дар шарқи Тоҷикистон Б.Х.Р., як сокини 38-солаи деҳаи Зуғараро барои таълимоти динӣ ба андозаи 90 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар бо 5760 сомонӣ, ё беш аз 500 доллар ҷарима бастааст.  Додгоҳи Сангвор дар сомонаи расмиаш гуфт, ин сокини Зуғара дар он гунаҳкор дониста шуд, ки дар хонааш  ҳамсари бародараш Ҷ.Қ.П.-ро таълимоти динӣ дода, “бо ин кирдораш ҳуқуқвайронкунии дар моддаи 474, иловаи 2,  қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ пешбинишударо содир намудааст”. Аз маводи парванда бармеояд, ки касоне лаҳзаҳои ба зани бародараш дарси дин додани ин сокини Зуғараро ҳатто аксу видео гирифта, ба мақомот додаанд.

Муҳокимаи ин парванда рӯзи 23 январи соли 2023 таҳти раёсати раиси додгоҳи ноҳияи Сангвор Салимзода М.Д. дар толори маҷлисгоҳи Маркази таълимии калонсолони  ин ноҳия сурат гирифтааст, вале худи айбдоршаванда Б.Х.Р., санаи таваллудаш 2 октябри соли 1984, зодаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, сокини деҳаи Зуғараи ҷамоати Тавилдараи ноҳияи Сангвор, падари 3 фарзанд, ба сабабҳои барои додгоҳ номаълум дар мурофиа иштирок накардааст.

Худи  Б.Х.Р. ва ҳамсари бародараш Ҷ.Қ.П. барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба маводи парванда, “ҳуқуқвайронкунанда Б.Х.Р. талаботи моддаи 8, қисми 4 қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»-ро, ки таълими диниро танҳо баъди гирифтани иҷозатномаи давлатӣ  иҷозат медиҳад, дағалона вайрон намуда, моҳи ноябри соли 2022 бе иҷозатномаи давлатӣ дар манзили истиқоматиаш ҳамсари бародараш Ҷ.Қ.П-ро таълимоти динӣ додааст”.

Додгоҳ гуфт, як силсила далелҳо, аз ҷумла қарор дар бораи оғоз намудани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, баёноти хаттиии худи ҳуқуқвайронкунанда Б.Х.Р., баёнотҳои шоҳидон С.А., Р.Ф.С., фиттаи сабти видеоӣ, суратлавҳаҳо, маълумотномаи ҳайати оила ва дигар далелҳои дар қабати парвандаи маъмурӣ гирдовардашуда шикастани қонун аз тарафи ҳуқуқвайронунандаро тасдиқ мекунанд ва ба ин далел, додрас Салимзода ӯро дар таълими динии ғайриқонунӣ гунаҳкор шинохта, бо назардошти бори аввал содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ба гуноҳаш иқрор шудани Б.Х.Р. ва ҳамчунин  дар кирдори ӯ аз тарафи додгоҳ пайдо нашудани ҳолатҳое, ки ҷавобгарии маъмуриро вазнин мекунанд, додрас ба хулоса омад, ки нисбати Б.Х.Р. дар доираи ҷазоҳои моддаи 474(2) қисми 1 КҲМ ҶТ ҷазои ҷаримаро дар ҳадди поёниаш ба фоидаи давлат таъин намояд.

Дар асоси ин ҳама, нисбат ба  Б.Х.Р. ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 90 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 5760 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.

Дар Тоҷикистон дар пайи қабули қонуни нави дин дар соли 2011 ҳамаи мадрасаҳои динӣ аз байн рафтанд ва Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам дар Душанбе дар ҳоли ҳозир ягона муассисаи таълимии динӣ дар ин ҷумҳурӣ боқӣ мондааст. Дар айни замон, мақомоти Тоҷикистон аз соои 2010 ба ин тараф талош доранд, то ҳамаи донишҷӯёни тоҷикеро, ки дар мадрасаҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, ба Ватан баргардонанд.

Тибқи қонуни дин, шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни иҷозатномаи давлатӣ метавонанд танҳо ба фарзандони худ ояҳои “Қуръон” ва дигар улуми диниро биомӯзонанд. Сокиноне, ки чунин имкон надоранд, аз он шикоят мекунанд, ки аз имкони бо роҳҳои қонунӣ ба таълими динӣ фаро гирифтани фарзандони худ маҳрум шудаанд ва маҷбуранд, ки аз ягон хешу табор ё шиносашон хоҳиш кунанд, ки пинҳонӣ ба фарзандони онҳо дарси дин бидиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button