ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ

7 ШАБОНАРӮЗ ҲАБСИ СОКИНИ ШУҒНОН БАРОИ БАДРАФТОРӢ БО ҲАМСАРАШ

Додгоҳи ноҳияи Шуғнони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон сокини 47-солаи деҳаи Барчиди ин ноҳия Хурсанд Перузовро бо ҷурми майдаавбошӣ ба 7 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кард. Раёсати корҳои дохилии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 5 апрели соли 2023 дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки сокини Барчидро бар асоси шикояти ҳамсараш ҷазо додаанд.

Милитсияи Бадахшон дар шарҳи ин қазия гуфт: “Дар асоси муроҷиати як нафар зан, сокини деҳаи Барчиди ноҳияи Шуғнон муайян карда шуд, ки шаҳрванд Перузов Хурсанд Мавлобахшович, соли таваллудаш 1977, сокини суроғаи болозикргардида, оиладор, соҳиби 2 фарзанд, санаи 27 марти соли 2023, тахминан соати 13:00, дар ҳолати мастӣ ба хонаи истиқоматиаш омада, дар саҳни ҳавлӣ бо муроҷиаткунанда – ҳамсараш, зани 44-сола, сокини деҳаи Барчид бе ягон асос ҷанҷол намуда, бо овози баланд доду фиғон, ҳақоратҳои қабеҳу ношоиста намуда, бо ин кирдораш тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудааст. Дар натиҷа шаҳрванд Перузов Х.М. аз тарафи кормандони Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Шуғнон дастгир гардида, нисбаташ бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Шуғнон ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7 шабонаруз таъин карда шудааст”.

Тафсилоти дигари ҳодиса ва сабаби муноқишаи зану шавҳар гуфта нашудааст. Худи Перузов Хурсанд ва ҳамсараш барои шарҳи моҷаро дастрас нестанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button