ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ ҚАЛЛОБӢ БО ТИЛЛОВОРӢ ВА 30 ҲАЗОР ДОЛЛАР ВА ДУЗДИИ СКУТЕР

Ҷавонзани 25-солаи сокини шаҳри Хуҷанд б13-уми феврали соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии зани 52-солаи сокини шаҳри мазкур, соҳибкор, даромада, аз нуқтаи тиллофурӯшиаш, воқеъ дар маркази тиллофурӯшии «Ҳоҷиабдулазиз»-и шаҳри Хуҷанд, якчанд тилловориҳои гуногунро ба маблағи 43 ҳазору 895 сомонӣ ба насия гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
хххххххххххххх
Марди 43-солаи сокини шаҳри Душанбе моҳи декабри соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 53-солаи сокини ноҳияи Спитамен даромада, бо баҳонаи ба номаш гузаронидани бино дар ноҳияи мазкур маблағи 312 ҳазор сомонӣ, баробар ба 30 ҳазор доллари амрикоиро гирифта ба эҳтиёҷоти худ сарф намуда, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
ххххххххххххх
Ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳун 4-уми апрели соли 2023, тахминан соати 13:00 аз роҳи мошингарди кӯчаи Ҷ.Румии ҳамин ноҳия як 1-дучархаи тамғаи “Скутер”-ро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 06.04.2023

Боздошти ҷавонзани 25-сола ва марди 43-сола бо гумони қаллобӣ

158 2

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 25-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд,
Номбурда, 13-уми феврали соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии зани 52-солаи сокини шаҳри мазкур, соҳибкор, даромада, аз нуқтаи тиллофурӯшиаш, воқеъ дар маркази тиллофурӯшии «Ҳоҷиабдулазиз»-и шаҳри Хуҷанд, якчанд тилловориҳои гуногунро ба маблағи 43 ҳазору 895 сомонӣ ба насия гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 43-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи декабри соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 53-солаи сокини ноҳияи Спитамен даромада, бо баҳонаи ба номаш гузаронидани бино дар ноҳияи мазкур маблағи 312 ҳазор сомонӣ, баробар ба 30 ҳазор доллари амрикоиро гирифта ба эҳтиёҷоти худ сарф намуда, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Дастгир шудани ноболиғи 17-сола бо ҷурми дуздии “Скутер”

151

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун аризаи марди 45-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 4-уми апрели соли 2023, тахминан соати 13:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз роҳи мошингарди кӯчаи Ҷ.Румии ҳамин ноҳия як 1-дучархаи тамғаи “Скутер”-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳун содир намудааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button