ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ДАР ЯК ЗАДУХӮРД ДАР ИНГУШИСТОН 3 ПУЛИС КУШТА, 8 ТАНИ ДИГАР ЗАХМӢ ШУДАНД (ВИДЕО)

Шоми 5 апрели соли 2023 дар ҷараёни амалиёти зиддитеррористӣ дар ноҳияи Малгобеки ҷумҳурии Ингушистон дар минтақаи Қафқози шимолии Русия 3 корманди пулис кушта шуда, 8 тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Дар ин бора рӯзи 6 апрел ба хабаргузории русии РИА Новости як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин минтақа хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, нирӯҳои қудратӣ шоми 5 апрел дар деҳаи Зязиков-Юрт, воқеъ дар тақрибан 50-километрии шимоли Магас, пойтахти Ингушистон ба як гуруҳи силоҳбадастон рӯбарӯ шудаанд. Ҳангоми боздошташон ин силоҳбатастон аз автоматҳо ба сӯи нирӯҳои қудратӣ ошташ кушодаанд.

“Дар ҷараёни задухӯрди мусаллаҳона 3 корманди пулис ҷон бохт ва 8 тани дигар маҷруҳ шуд”, — хабар додааст ҳамсуҳбати РИА Новости. Ӯ дар бораи талафот дар байни силоҳбадастон маълумоте надода, танҳо гуфтааст, ки амалиёти зиддитеррористӣ дар ноҳияи Малгобек то ҳол идома дорад. Дар бораи шахсияти ин силоҳбадастон ва аз кадом гуруҳ будани онҳо низ чизе гуфта намешавад.

Бархе расонаҳои Русия навиштаанд, ки ба силоҳбадастон муяссар шудааст, ки ҳанӯз то расидани нирӯҳои иловагӣ аз Магас ба кӯҳ фирор кунанд ва пинҳон шаванд.

РИА Новости ёдовар шудааст, ки рӯзи 27 марти соли 2023 афроди номаълум аз автоматҳо як посгоҳи пулис дар марзи Ингушистон бо ҷумҳурии Осетияи шимолиро тирборон кардаанд. Дар натиҷа ду корманди пулис ҷароҳат бардоштанд. Ҷасади тирхӯрдаи яке аз иштирокчиёни эҳтимолии ҳамла ба посгоҳи пулисро баъди як рӯз дар шаҳри Қаробулоқ, воқеъ дар 27-километрии шимолушарқи Магас, пойтахти Ингушистон ва дар наздикии фурудгоҳи Магас пайдо кардаанд.

Дар пайи ин ҳамла идораи ФСБ Ингушистон 5 сокини ин ҷумҳуриро бо гумони даст доштан дар қасди анҷоми ҳамлаҳои террористӣ таҳти ҷустуҷӯ гузошт.

Рӯзи 3 апрел дар ноҳияи Малгобек байни як гуруҳи ношинос ва кормандони пулис задухӯрде сурат гирифт, ки дар ҷараёни он як корманди пулис ҷароҳат бардошт. Шоми ҳамон рӯз дар қаламрави ноҳияи Малгобек реҷаи амалиёти зиддитеррористӣ ҷорӣ карда шуд. Рӯзи 5 апрел дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Малгобек ҷасади яке аз нафарони гумонбар ба даст доштан дар ҳамла ба кормандони пулисро ҳамроҳ бо автомати муҷаҳҳас бо гранатомёт (норинҷакандоз) ва 4 граната (норинҷак) пайдо карданд.

Аз ҷумҳуриҳои минтақаи Қафқози шимолии Русия дар тӯли солҳои зиёд пайваста дар бораи задухӯрдҳои мусаллаҳона байни кормандони мақомоти қудратӣ ва гуруҳҳои мусаллаҳ хабарҳо ба даст мерасанд. Мақомот иддао доранд, ки дар ин минтақа ба зидди гуруҳҳои ифротию террористии исломгароён меҷанганд. Вале мунтақидон мегӯянд, дар аксари ҳолатҳо ин ҳама хушунатҳо ба коррупсияи саросарӣ бастагӣ дорад, ки бархе шаҳрвандонро аз навмедӣ маҷбур мекунад, ки ҳамчун чораи охирин ба даст силоҳ бигиранд. Мавридҳое низ зиёд аст, ки мақомоти маҳаллӣ бо мақсади барои худ “сохтани натиҷа” дар мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм, афроди норозӣ аз сиёсати онҳоро “ифротгароёни мусаллаҳ” эълон карда, баъдан гузориш медиҳанд, ки “террористҳо ҷисман несту нобуд карда шуданд”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button