ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

137 ШУД: ҚУРБИ РУБЛ ДАР БАРОБАРИ СОМОНӢ БОЗ БА ЗАМИН ЗАД

Қурби расмии рубли русӣ дар баробари сомонӣ инак чанд рӯз боз беист пойин меравад. Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 6 апрели соли 2023 қурби 1000 рубли Русияро расман 137 сомонӣ муқаррар кардааст. Як рӯз қабл 1000 рубл 138 сомонӣ, дар аввали ҳафтаи равон, яъне рӯзи 3 апрел 140 сомонӣ, дар поёни ҳафтаи гузашта, яъне рӯзи ҷумъаи 31 март 141 сомонӣ ва дар аввали моҳи марти соли 2023 ҳазор рубли русӣ 144 сомонӣ арзиш дошт.

Уфти қурби рубл дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки чанд вақт боз қурби воҳиди пулии Русия дар баробари асъори дигар низ башиддат пойин меравад ва  рӯзи 6 апрел қурби расмии доллари Амрико ба 80 рубл наздик шуда, қурби евро, воҳиди пули муштараки кишварҳои Аврупо, аз 87 рубл гузашт.

Давоми соли 2022 қурби рубли Русия бо вуҷуди ҷанги ин кишвар ба зидди Украина баланд боқӣ монда, як муддат дар бозори асъори Тоҷикистон аз марзи 170 сомонӣ барои 1000 рубл гузашта буд. Аммо дар моҳи декабри соли 2022 қурби 1000 рубл то ба ҳадди 144 сомонӣ  пойин рафт.

Дар пайи афтидани қурби расмии рубл, бонкҳои Тоҷикистон низ қурби мубодилаи пули Русияро иваз кардаанд. “Ориёнбонк” ва “Спитаменбонк” рӯзи 6 апрел 1000 рублро бо қимати 136 сомонӣ иваз мекарданд. Вале “Эсхата”, “Ҳумо”, “Алиф” ва “Амонатбонк” барои 1000 рубл тибқи қурби расмӣ  ба муштариёнашон  137 сомонӣ пешниҳод мекунанд.

Дар айни замон, қурби расмии доллару евро, ду асъори аз ҳама муҳими хориҷӣ, дар Тоҷикистон тақрибан бетағйир боқӣмонда, қурби доллари Амрико 10 сомонию 91 дирам ва қурби расмии евро 11 сомонию 96 дирам муқаррар шудааст.

Уфти башиддати қурби рубл сокинони Тоҷикистон, бахусус хонаводаҳоеро, ки манбаи асосии таъмини зиндагиашон пули фиристодаи муҳоҷирон аз Русия аст, ҳамеша сахт нигарон мекунад. Коҳиши қурби рубл ба сатҳи даромади ин хонаводаҳо ҷиддан зарба мезанад, чунки қарори маълум, маошу даромади аксарияти муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо рубл аст ва беш аз 90 дарсади пулҳое, ки аз Русия ба Тоҷикистон асосан бо шарофати муҳоҷирон интиқол медиҳанд, низ бо рубл аст.

Соли 2021 аз Русия ба Тоҷикистон ва асосан бо шарофати муҳоҷирон беш аз 2,5 миллиард доллар пул омада буд, ки қариб баробари буҷаи солонаи ин кишвар аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button